Имрӯз, 21-уми август Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт кӯдакистон ва мактабро ифтитоҳ кара, биноҳои нави донишкадаи исломӣ ва бемористони бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, кӯдакистони №59 дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ шуд.

Бинои нави кӯдакистон дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, ба гуфтаи масъулин  барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар, шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

“Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад”, - менависад хадамаот.

Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.

1/7

Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мактаби №4 ба истифода дода шуд. Бинои муассиса аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1 ҳазору 450 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ба навиштаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Мактаби №4 дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст.

“Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст”, - менависад манбаъ.
1/5

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе инчунин дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои асосии беморхона, ба навиштаи расмӣ, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шӯъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ин муассиса 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир таҷҳизоти насли нав буда, "бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

1/7

Дар беморхона 62 табиб ва мутахассис фаъолият доранд.

Ғайр аз ин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифаро дар пойтахт ифтитоҳ карданд. Дар бораи ягона муассисаи олии исломӣ дар Тоҷикистон дар ин хабари мо маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.