Дирӯз, 28-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як маросими хос ба чанд роҳбари мақомоти қудративу интизомии кишвар рутбаҳои нави низомӣ – генерал-полковник ва генерал тақдим кард. Маълум кардем, ки киҳо рутбаи баланди ҳарбӣ гирифтанд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулл, Эмомалӣ Собирзода, вазири дифоъ, Бобоҷон Ҷамолзода, фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон, Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, ки то ин лаҳза рутбаи генерал-лейтинант доштанд, аз дасти раисҷумҳур рутбаи нави низомии генерал-полковник гирифтанд.

Ҳабибулло Воҳидзода соли равон ба ҳайси додситони кулли киршвар интихоб шуд ва то ин дам додситони ҳарбӣ, муовини додситони кулли кишвар буд. Ӯ таҷрибаи зиёди кор дар ин ниҳодро дорад ва қариб 20 соли охир дар прокуратура кор кардааст.

Ҳабибулло Воҳидзода

Дар бораи фаъолияти Ҳабибулло Воҳидзода дар мақомоти қудратӣ дар мақолаи “Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?” маълумоти бештар гиред.

Эмомалӣ Собирзода ҳам соли равон ба ҷои Шералӣ Мирзо, вазари дифоъ таъин шуд ва то ин дам муовини якуми вазири мудофиа ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд. Собирзода соли 2018 рутбаи генерал-майорро гирифта буд.

Эмомалӣ Собирзода фаъолияти ҳарбӣ-низомии худро ба унвони командир аз соли 1992 оғоз карда дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар қисмҳои низомӣ хидмат кардааст. Солҳо ҳамчун сардори ситодҳои гуногун фаъолият кардааст.

Эмомалӣ Собирзода

Собирзода замони фаъолияташ дар Вазорати мудофиа барои расонаҳо ва ҷомеа чеҳраи камошно буд. Ӯ асосан дар ҷаласаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчуни намояндаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон баромад мекард.

Дар бораи Эмомалӣ Собирзода ва мушкилоти соҳа, ки бояд ӯ аз пайи ҳалли он шавад, дар маводи “Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст? хонед.

Абдураҳмон Аламшозода, ки қариб 8 сол мешавад ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекунад, моҳи феврали соли гузашта генерал-лейтенант шуда буд ва инак бо гузашти беш аз як сол генерал -полковник шуд.

Ӯ, ки гуфта мешавад аз соли 1993 дар мақоқмоти қудратӣ аст, солҳои мухталиф дар вазифаҳои баланд дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кардааст.

Абдураҳмон Аламшозода

Вай яке аз чеҳраҳои ошно дар ҷомеа аст ва солҳо сардори сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ кор кардааст.

Дар бораи Бобоҷон Ҷамолзода, ки аз соли 2013 фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон аст, маълумоти боз хел кам аст. Танҳо гуфта мешавад, то таъин шудан ба ин мансаб, ӯ командири қисми ҳарбии 051057-и қувваҳои махсуси (спецназ) Гвардияи миллии буд.

Бобоҷон Ҷамолзода

Дирӯз, ҳамчунин, муовини аввал ва як муовини вазири мудофиа Бобоҷон Саидзода ва Одил Носирзода рутбаи генерал-лейтенант гирифтанд. Онҳо то ҳол рутбаи ҳарбии генерал-майор доштанд.

 

Генералҳои нав дар Тоҷикистон

Ҳамчунин, чанд нафари дигар ба ҳайати генералҳо (генерал-майор) шомил шуданд. Онҳо то ин дам рутбаи полковникӣ доштанд:

Хуршед Одиназода, сардори намояндагии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Русия;

Аҳтам Абдуллозода, роҳбари Хадамоти иҷро;

Барот Расулӣ, муовини якуми директори Агентии зиддифасод;

1/5

Фирӯз Камолзода, муовини директори Агентии зиддифасод;

Тоҳирзода Наврӯз, додситони ҳарбии гарнизонӣ дар вилояти Суғд;

Исмоилзода Салоҳиддин, сардори як раёсати Додситонии кулл;

Дилшод Файзализода, сардори Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон;

Музаффар Одилзода, сардори Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиа.

Фирӯз Шарифзода, муовини аввали сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон.

Дар иттилоияи Хадамоти матбуотии президент, ки дар бораи додани рутабҳо нашр кард, гуфта намешавад, ки дар маҷмуъ, ба чанд нафар рутбаи генералӣ дода шудааст.

Танҳо зикр мешавад, ки як гуруҳ хизматчиёни низомӣ “рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи дараҷавии генерал-полковники адлия, генерал-полковник, генерал-полковники гвардия, генерал-полковники милитсия, генерал-лейтенант, мушовири давлатии адлия дараҷаи 3, генерал-майори адлия, генерал-майор ва генерал-майори хадамоти гумрук, дода шуд”.

Ҳамчунин, ба чор сарбози қаторӣ аз қушунҳои сарҳадӣ барои корнамоию шуҷоат дар ҳифзи сарҳади давлатӣ медалҳо тақдим гардид.

Ҳамасола, махсусан дар арафаи ҷашни Истиқлол, президент ба як қатор кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла мақомоти қудратӣ мукофоти давлатӣ ва рутбаву дараҷаҳои ҳарбӣ медиҳад.

Шумораи умумии генералҳо дар Тоҷикистон маълум нест. Вале бархеҳо танқид мекунанд, ки Тоҷикистон бо гузаштаи кутоҳи низомӣ генералҳои зиёд дорад. Мақомот тақдими рутбаҳоро қадршиносӣ ба кори низомиён унвон мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.