Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, ягона муассисаи таълими динӣ дар кишвар аст. Дар он ҳоло 830 донишҷӯ дар бахши рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. 

Чӣ гуна метавон ба ин донишкада дохил шуд, дарсҳо чӣ гуна мегузаранд, донишҷӯён чӣ меомӯзанд, оё духтарон низ имкони таҳсил дар ин донишкадаро доранд? Ба ин ва дигар саволҳо? “Азия-Плюс” аз ректор ва дигар масъулини донишкада посух гирифт.

Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон 21-уми август ифтитоҳ гардид. Он бо услуби шарқӣ бунёд шуда, дар меъмории он аз сангҳои ороишӣ, ки аз Эрон ворид шудаанд, истифода шудааст. Дохили донишкадаро меъморону рассомони ҷавон аз шаҳри Хуҷанд оро додаанд. Толорҳои он бо хаттотии оятҳои Қуръон, нақшу нигори шарқӣ ва миллӣ зеб дода шудаанд.

Донишкада аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, толори маърӯза, утоқи омӯзгорон, маркази имтиҳонсупорӣ, осорхона ва хобгоҳ мебошад. Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Нусратулло Зокирзода
Акс аз Asia-Plus

Нусратулло Зокирзода, ректори ин донишкада ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки феълан дар донишкада 830 донишҷӯ дар бахши рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд. Аз ин теъдод 201 нафар соли ҷорӣ ба донишкада дохил шуданд. Дар оянда дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Вазорати маориф ва илм сафи донишҷӯёнро зиёд мекунанд.

“Имсол интихоби аввали 1 ҳазору 80 нафар Донишкадаи исломӣ буд, ки аз ин теъдод, 201 тан муваффақ шуданд. Дар даври баъдӣ, 26 нафари дигар донишҷӯи ин донишкада шуданд”, - гуфт Зокирзода.

Дар чанд соли охир теъдоди довталабон ба Донишкадаи исломӣ коҳиш ёфтааст. Агар соли 2021 ин донишкада беш аз 310 донишҷӯро тибқи нақша қабул мекард, ҳоло 227 ҷой муайян шудааст.

 

Донишҷӯён чиро меомӯзанд?

Донишкада дорои 2 факултет аст:

- улуми исломӣ;

- филологияи шарқ.

Он дорои 8 кафедра мебошад:

- улуми исломӣ;

- шариати исломӣ;

- улуми Қуръон ва ҳадис;

- фанҳои ҷомеашиносӣ;

- таърих ва диншиносӣ;

-  забонҳо;

- педогогика ва мероси ниёгон,

- илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ.

Дар факултаи улуми исломӣ донишҷӯён аз рӯйи ду ихтисос улуми ислому матни классикӣ ва улуми Қуръону мероси хаттӣ таълим мегиранд.

Дар факултаи улуми шарқ, ихтисосҳои забони хориҷӣ (арабӣ), информатика, забоншиносӣ ва таъриху диншиносӣ омӯзонида мешавад.

Ба гуфтаи Зокирзода, дар донишкада дар баробари мутаххасисони касбҳои дунявӣ, мутахасисони иттиҳодияҳои давлатӣ тайёр карда мешаванд.

“Ду кафедраи махсус вобаста ба фанҳои динӣ аст - кафедраи улуми шариат ва кафедраи улуми Қуръон ва ҳадис. Қуръон, қироати Қуръон, тафсири Қуръон ва дар баробари ин фанҳои ҳадисшиносӣ, фиқҳ, ки ба фиқҳи муомилот ва ибодот тақсим мешавад, ақида омӯзонида мешаванд”, - афзуд ректор.
Акс аз Asia-Plus

Ба қавли ӯ, дар донишкада тариқи буҷетӣ ва шартномавӣ метавон таҳсил кард. Арзиши шартномаи солонаи онҳо ба тариқи зайл мебошад:

-ихтисоси лингвист- 5200 сомонӣ;

-ихтисоси забони арабӣ, инфографика-4900 сомонӣ;

 -ихтисосҳои улуми ислом, улуми Қуръон, таъриху диншиносӣ -3700 сомонӣ.

 

Дарс чӣ гуна мегузаранд ва китобҳои диниро аз куҷо метавон гирифт?

Зокирзода иброз дошт, ки дар донишкада дарсҳои амалӣ мувоффиқи стандарти муайяншуда барои ҳамаи муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мешаванд.

“Ду лексия ҳаст ва як дарси амалӣ. Дар дарси амалӣ саволу ҷавоб мешавад. Дарсҳое, ки вобаста ба фиқҳ, ҳадис, ақида ва дигар фанҳои динӣ ҳастанд мисли дигар фанҳои дунявӣ, амалӣ карда мешаванд”, - гуфт ӯ.

Акс аз Asia-Plus

Ректор иброз дошт, ки дар китобхонаи донишкада ҳудуди 13 ҳазор адабиёти динӣ ва дунявӣ гирдоварӣ шудааст, ки донишҷӯён аз он истифода мебаранд.

Ӯ таъкид кард, ки донишҷӯён имкон доранд китобро аз берун низ харанд, вале адабиёти диниро танҳо донишкада дастрас мекунад.

“Донишкада дар асоси дархости устодон китобҳои заруриро таҳия мекунад. Таълими динӣ дар донишкада аз рӯйи китобҳои динии аз ташхисгузашта ба роҳ монда шудааст”, - таъкид кард Зокирзода.

 

Хатмкунандаҳои ин донишкада дар куҷо кор мекунанд?

Хатмкунандагони ин донишкада метавонанд дар сохтори давлатӣ, муассисаҳои динӣ ва муассисаҳои таълимӣ кор кунанд.

“Хатмкунандаҳои донишкада дар шуъбаву бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳру навоҳӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд кор кунанд. Соли сеюм аст, ки донишҷӯёни курси панҷум дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳо, ки омӯзгор намерасад, дарс медиҳанд. Имрӯз имомхатибони аксар масоҷид хатмкардаҳои донишкада ҳастанд”, - иброз дошт Зокирзода.

Номбурда гуфт, дар оянда мехоҳанд, ки ихтисосҳои донишкадаро дар тақсимоти ҷойҳои кории Вазорати маориф ва илм ворид кунанд.

Акс аз Asia-Plus

 

Чаро духтарон имсол қабул нашуданд?

Ба қавли ректор, дар ин донишкада ҳамагӣ 12 духтар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд ва ҳеҷ маҳдудияте дар таҳсили онҳо нест.

“Асосан дар ду ихтисосе, ки вобаста ба самти дин аст мутахасисонро барои кор кардан дар иттиҳодияҳои динӣ тайёр мекунем, аз ҷумла имомхатиб. Шояд наомадани духтарон аз ин ҳисоб бошад, ки ба ғайр аз ихтисосҳои динии зикршуда, тарҷумони забони арабӣ ё таъриху диншиносӣ ё забоншиносиро метавонанд дар дилхоҳ муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ таҳсил кунанд”,-иброз дошт Зокирзода.

Ӯ таъкид мекунад, ки  раванди қабул ба донишкада тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шудааст ва барои ҳуҷҷат супоридани духтарон маҳдудият нест. Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки имсол чанд духтар ба Донишкадаи исломӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

“Духтарон дар курси дуюми бахши ғоибона таҳсил мекунанд ва маълумоти дуюм мегиранд. Моҳи ноябр дарсҳояшон оғоз мешавад”,-гуфт ректор.

Чанд соли пеш дар Донишкадаи исломӣ теъдоди духтарон низ зиёд буд. Соли 2018 теъдоди духтарон дар ин донишкада 250 нафарро ташкил менамуд. Масъулин сабаби коҳишро ба бетаваҷҷуҳии духтарон ба таҳсили динӣ ва наёфтани кори муносиб баъди хатми он рабт медиҳанд.

Акс аз Asia-Plus

 

“Зарурати таҳсил дар хориҷ намондааст” ё асари бозгардониҳо?

Нусратулло Зокирзода мегӯяд, Донишкадаи исломии Тоҷикистон талаботи хоҳишмандони таҳсили диниро қонеъ мекунад ва ба таҳсили динӣ дар хориҷ зарурате боқӣ намемонад.

“Баъди хатми донишкада донишҷӯён ихтиёр доранд, ки таҳсили худро идома диҳанд. Лекин ҳоло чунин тарҷиба нест”, - таъкид кард Зокирзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар Донишкадаи исломӣ барои қабули донишҷӯёни хориҷӣ низ маҳдудият мавҷуд нест ва ҳоло 3 донишҷӯ аз Ӯзбекистон дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон талош доранд аз таҳсили динии донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ ҷилавгирӣ кунанд. Бо ин мақсад, садҳо донишҷӯйи тоҷикро аз муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ бозгардониданд.

 

Дар осорхонаи донишкада чӣ ба намоиш гузошта шудааст?

Осорхонаи донишкадаи исломӣ таърихи ислом дар сарзамини тоҷиконро муаррифӣ мекунад. Дар  осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори донишмандони тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Ҳамчунин нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.

“Дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ муаррифӣ шудааст. Дар қисмати таърихи ислом мо китобҳои Қуръон, ҳадис ва фиқҳро ҳамчун намуна овардаем. Яке аз қадимитарин дастхати Қуръон, дар асри 19, ки аз вилояти Суғд ба мо равон карданд,”-иброз дошт номбурда.

 

Акс аз Asia-Plus

 

35 зан кор мекунанд

Ба гуфтаи Нусратулло Зокирзода дар донишкада 112 нафар кор мекунанд, ки 35 нафари онҳо зан мебошанд. Аз ин теъдод 60 тан устод мебошанд.

“Муаллимаҳои мо асосан аз фанҳои таърих, забони арабӣ, иттилоот ва фанҳои табиӣ дарс медиҳанд. Иддае аз онҳо хатмкарди донишкада ҳастанд, ки таҳсили магистратураро дар дигар муассисаи олии кишвар гирифтаанд”,-иброз дошт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон соли 1997 таъсис шудааст. То соли 2007 ҳамчун муассисаи мустақил фаъолият мекард ва баъдан ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм гузашт.

То ҳафт соли пеш сокинон метавонистанд, ки кӯдакони худро дар назди руҳониёни маҳаллӣ ва мадрасҳои динӣ ба таълимоти мазҳабӣ ҷалб кунанд.

Вале соли 2018 баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, таълими динӣ ба души ниҳодҳои омӯзишии давлатӣ ва назди волидайн вогузор шуд.

Ҳоло ба ҷуз Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон дар ҳеҷ ҷо масоили динӣ тадрис намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.