То поёни фасли тирамоҳ ва оғози зимистон дар ду ҳафтаи дигар мондааст, аммо дар Тоҷикистон ҳамоно мисли охирҳои тобистон, офтоб на танҳо ҳаворо, балки қалбҳоро гарм мекунад.
Воқеан, тирамоҳи заррин имсол зеботар ба назар мерасад, хоса агар ба он тавассути дурбинҳои хонандагони мо назар кард.
Дар ин суратгузориш мо аксҳои ба “Азия-Плюс” фиристодаи хонандагони азизамонро гирд овардем, ки зебогии гӯшаву канори кишварро сабт кардаанд.


