Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимхзорасии созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, моҳи ноябри соли 2014 дар доираи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишвар оид ба сармоягузории бахши кишоварзӣ ва саноат ба маблағи 800,0 млн. доллари амрикоӣ, Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Дар робита ба ин, роҳбарияти вилояти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳри татбиқи Ёддошти болозикр ва сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои шабакаи “Як камарбанд – як Шоҳроҳ” (Один Пояс – Один Путь) ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-ро ҳамчун намоянда аз бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ваколатдор кардааст.

Ширкати мазкур азм гирифтааст, ки корхонаҳои нуриҳои минералӣ (аммиак ва карбамит)-ро дар заминаи ҶСК «Азот»-и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бунёд намояд.

Марҳилаи якум – бунёди корхонаҳои истеҳсоли аммиак бо иқтидори 120 ҳазор тонн ва карбамид бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол (дар зарфи 1,5 сол бояд бунёд карда шавад).

Марҳилаи дуюм – васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аммиак то 300 ҳазор тонн ва карбамид то 500 ҳазор тонна дар як сол (дар зарфи 3 сол бояд бунёд карда шавад).

Тибқи созишномаи мазкур, 50 фоизи саҳмияҳои ҶСК «Азот» ба ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ» пешниҳод шуда, сармоягузор уҳдадор мегардад, ки бар ивази он корхонаҳои аз ҷиҳати технологӣ муосирро бунёд намояд.

Бояд гуфт, ки барои татбиқи лоиҳа ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ» сармояи мустақимро дар ҳаҷми 360 млн. доллари ИМА-ро ҷалб карда, баъд аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад гашт. Муҳлати амали Созишномаи мазкур 10 солро дар бар мегирад.

Дар маҷмуъ татбиқи лоиҳаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда, бунёди инфрасохтори замонавӣ, воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки соли 2002 миллиарлери украинӣ Дмитрий Фирташ бастаи назоратии саҳмияҳои ҶСП «Тоҷик Азот»-ро харидорӣ намуд. Хабаргузории TojNews менависад, корхонаи мазкур, ки саҳмияҳояш (75%) ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, давлати Тоҷикистон (20%) ва Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов (5%) марбут буд, дар пайи қазияи сиёсии ахирӣ ва ба 26 соли зиндон маҳкум шудани раҳбари Ҳизби сабтиноманашудаи “Тоҷикистони нав”, бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, пурра ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шуд.

Оғози соли гузашта Шавкат Бобозода, вазири саноат ва техологияи нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки Ҳукумати Тоҷикстон барои эҳёи ин корхона аз Чин дархост гирифтааст.

Ӯ гуфта буд, ки "Тоҷиказот" дар ҳоли ҳозир бинобар набудани ашёи хом, ба таври пурра фаъолият намекунад. Имрӯз бидуни технология ба ҷое намерасем. Чиниҳо чунин технология пешниҳод кардаанд. Дар баробари чиниҳо, дигар ширкатҳои аврупоӣ низ чунин пешниҳод кардаанд."

Ин корхонаи нодир ва муҳимтарини Тоҷикистон, ки имкони таъмини тамоми соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои минералӣ дорад, бинобар қатъ шудани интиқоли газ аз ҷониби Ӯзбакистон аз кор бозмонда буд.

Корхонаи нуриҳои азотии Вахш воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон соли 1964 ба фаъолият шуруъ кардааст. Корхона барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон карбамид истеҳсол мекард. Воқеаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар боис ба он шуд, ки солҳои 1992 то 1995 корхона аз фаъолият боз монд. Тоҳирхон Ғозиев, раҳбари пешини ин корхона ба расонаҳо гуфта буд, ки баъдан, боз ба кор дароваранд, ки ба мушкилӣ кор пеш мерафт. Соли 2001 саҳмияҳои ин корхонаро миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ мехарад, то замони қатъи гази табиӣ аз Ӯзбакистон корхона фаъолият дошт. Аз солҳои 2008-09 инҷониб корхона фаъолият намекунад.