Дар форуми аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алмаато созмондодашуда бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байнулмилалӣ масъалаи ояндаи истифодаи захираҳои обии минтақа баррасӣ мешавад.
«Форум ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадам дар такмили механизмҳои мониторинг ва идоракунии захираҳои обӣ дар партави тағйирёбандаи рушди байнулмилалӣ ва тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад», - омадааст дар хабари Бонки ҷаҳонӣ.
Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи таҳияи Барнома оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки ҳадафи он азнавсозии низомҳои идоракунии захираҳои обӣ ва идомаи таҳкими имконоти дахлдори минтақавӣ дар ин самт мебошад.
Форум имрӯз оғоз гардида, то 22 сентябр идома меёбад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сардори Раёсати сиёсат оид ба об ва энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Холматов роҳбарӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки қисмати асосии захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал (80%) дар болооби дарёҳои қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон ташаккул меёбад ва дар ҳамин ҳол, қисмати хеле бештари он барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти обёрӣ дар поёноби дарёҳо - Қазоқистон, Туркманистн ва Ӯзбекистон истифода мешавад, ки беш аз 83%-и заминҳои обёрии минтақа дар ин кишварҳо ҷойгиранд.



