Хадамоти алоқа ба он ноил гардид, ки операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) маҷбуран NGN-ҳои худро барои IP адресҳои хориҷӣ банданд, акнун дар навбат мессенҷерҳо.

Танзимгари алоқа ба ширкатҳо ишора кард, ки ба масъалаи қатъи дастрасӣ ба мессенҷерҳо машғул шаванд. Ширкатҳо бо чӣ тарз онро бояд анҷом диҳанд, Хадамоти алоқа зикр намекунад.

«Мо дастрасӣ ба NGN-ро қатъ кардани набудем, вале ба мо гуфтанд, ки агар алоқаи виртуалиро қатъ накунед, пас шумо террористонро дастгирӣ карда, ба рушду пешрафти онҳо манфиатдоред. Ба ин гуна мантиқ мо бояд чӣ тавр посух гӯем?», - қайд кард яке аз намояндагони оператори мобилӣ.

Ба ақидаи операторони мобилӣ ва провайдерон, барои ҳар як дақиқаи занги байнулмилалӣ онҳо ба маркази ягонаи коммутатсионӣ бидуни ААИ 20 дирам пардохт карда, қатъи баромади рақамҳои NGN аз IP-ҳои хориҷӣ ба он марбут аст, ки «Тоҷиктелеком» даромади пешбинишударо аз маркази ягонаи коммутатсионӣ аз алоқаи овозии байнулмилалӣ ба даст наовард. Яъне гузаштан аз алоқаи овозии байнулмилалӣ ба алоқаи виртуалӣ ба он оварда расонид, ки Хадамоти алоқа аз қисмати даромадҳояш маҳрум шуд.

Акнун назди ширкатҳои фароҳамсози интернет вазифаи дигар меистад - чӣ гуна ба Хадамоти алоқа фаҳмондани он, ки дастрасӣ ба мессенҷерҳоро аз лиҳози техникӣ қатъ кардан ғайриимкон аст…

Ба гуфтаи мутахассиси соҳаи алоқа, ба гумони ғолиб, танзимгар мехоҳад дар мессенҷерҳо нисбати овоз маҳдудият ҷорӣ созад (яъне масалан, тариқи Вайбер мукотиба кардан (навиштан) мумкин асту гуфтугӯ манъ). Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи муносибатҳои мутақобида тариқи интернет ба воситаи протоколҳо сурат мегиранд. Дар ин ҳолат нерӯ барои қатъи портҳое, ки протоколҳо аз онҳо бари интиқоли овоз истифода мебаранд, равона мешавад. Протокол - забони муоширати дастгоҳу таҷҳизот дар шабака мебошад.

«Портҳои мушаххас қатъ мешаванд, то ки интиқоли овоз маҳдуд шавад ва дар ҳамин ҳол, дигар портҳои ин протокол дастрас боқӣ мемонанд. Лекин ҳозир мо дар замони технологияҳое зиндагӣ дорем, ки қатъи дастрасии як технологияро бо технологияи дигар метавон дастрас кард», - мегӯяд мутахассис.

Дигар манбаи «Азия-Плюс», ки дар яке аз ширкатҳои мобилӣ кор мекунад, масъаларо чунин шарҳ дод: «барои пурра қатъ кардани мессенҷерҳо, қатъи интернет зарур аст, ба истилоҳи дигар аз кор боздоштани он. Дар ин ҳолат дақиқан истифодаи мессенҷерҳо ғайриимкон мешавад».

Аввалаш, операторон ба идоракунии сервис, ки дар шабакаҳои берун аз онҳо ташаккул меёбад, имкони техникӣ надоранд, яъне дар шабакаҳои операторон интиқоли маълумот ва алоқаи овозӣ ташаккул меёбад, вале дар дохили маълумот чӣ ҳаст ва агар он махфӣ бошад, операторон намедонанд.

Варианти дигари имкони қатъи мессенҷерҳо аз кор боздоштани таҷҳизоти сервери худи мессенҷерҳо аст, масалан дар Русия аз кор боздоштани сервери Телеграмма, дар Голландия - аз кор боздоштани Вайбер.

«Чун мо имкон надорем масалан ба муассиси Вайбер бигӯем, ки онро барои Тоҷикистон қатъ кун, ҳамчунин наметавонем интернетро дар кишвар пурра қатъ кунем, пас посух ба Хадамоти алоқа манфӣ хоҳад буд», - қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, агар кишварҳо барои идоракунӣ, қатъ ва маҳдуд кардани ин серверҳо воситаҳо маблағгузорӣ кунанд ҳам, операторон ба он ҷалб намешаванд. Ин вазифаи дигар хадамотест, ки ба зербинои амният машғуланд.

«Вазифаи оператор бастани хизматгузорӣ нест, балки боз кардани он ба муштарӣ аст. Қатъи дастрасӣ ба интернетро, ки барои хизматгузории он муштарӣ маблағ пардохт кардааст, операторон қарори зиёновар ва бемаънӣ мешуморанд. Ин ба ҳадафҳои тиҷорат ва истеъмолгар созгор нест. Дар бастани мессенҷер ҳеҷ лаҳзаи мусбате нест», - афзуд манбаъ.