Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор сохтани фаъолияти ягона дар кишвар корхонаи истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ – ҶСК “Азот” (собиқ “Тоҷик Азот”) сармоягузории мустақим меҷӯяд.

Дар маълумотномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қайд мешавад, ки воситаҳои пулӣ барои таъмиру навсозӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи истеҳсоли аммиаку карбамид, ҳамчунин роҳандозии дигар навъҳои нуриҳои минералӣ заруранд.

Маблағи умумии сармоягузории мустақим, ки бояд ҷалб шавад, 350 млн. долларро ташкил дода, муҳлати хароҷоташро баровардан 5 сол зикр шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаро пас аз таъмиру навсозӣ то ба 1,6 млн. тонна дар як сол расонидан ба нақша гирифта шудааст.

“Натиҷаи ниҳоии амалисозии лоиҳа таъмини талаботи кишоварзони маҳаллӣ ба маҳсулоте, ки дар он истеҳсол мешавад ва содироти он ба кишварҳои ҳамсояи минтақа мебошад”, - қайд мекунанд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.

Дар назар аст, ки пас аз таъмиру навсозии корхона ҳаҷми содироти маҳсулот то 1,3 млн. тонна дар як сол расонида шавад. Аз ҷумла, содироти 1 млн. тонна маҳсулоти корхона ба Афғонистон ва боз 300 ҳазор тонна – ба Қирғизистон пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба нуриҳои минералӣ дар як сол наздики 180 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, тайи ду соли охир Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба маблағи умумии 69 млн. доллар нуриҳои минералӣ ворид намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.