Вазири тозатаъини нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 1 сентябр шуд аз ҷониби сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба кормандони Вазорати нақлиёт муаррифӣ шуд.

Тавре Вазорати нақлиёт қайд мекунад, ки Азим Иброҳим дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт таҷрибаи бой дорад ва “аз ин хотир, итминон дорем, ки ӯ дар пешрафти кори соҳа як таконе ворид хоҳад кард”.

Инчунин таъкид гардидааст, ки сарвазир ҳамчунин барои заҳаматҳои беназир ва фаъолияти пурсамар дар пешрафти соҳа ба собиқ вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр аз номи роҳбарияти давлат арзи сипос намуда, қайд кардааст, ки минбаъд низ ба идомаи ҳамкориҳо умедвор аст.

Вазорат  таъкид мекунад, ки дар вақти кораш ба ҳайси муовини сарвазири кишвар ӯ масъули бахши нақлиёт буд.

Рӯзи 31 август бо фармонҳои президенти кишвар вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод ва Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар таъин гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи барвақти рӯзи 11 август вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ кард, вале наздиконаш саривақт огоҳ шуда, наҷот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.