Ширкати электроэнергетикии Ӯзбекистон ба таъмиру навсозии хати интиқоли барқ (ХИБ)-и “Гузар-Регар”, ки тариқи он кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон неруи барқ мегирад, машғул аст.

“Дар доираи лоиҳа қитъаи 63-километрии ХИБ 500 кВ  “Гузар-Регар” (Л-507) дар қаламрави Ӯзбекистон таъмиру навсозӣ мешавад”, - қайд мешавад дар хабари Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, арзиши пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ мешавад.

“Лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ҳамдастӣ бо ширкати Shanghai Electric Power Transmission & Distribution-и Чин, ғолиби тендери байнулмилалӣ амалӣ мегардад”, - таъкид мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа бар асоси протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкори  тиҷоративу иқтисодӣ татбиқ мешавад.

“Лоиҳа ба таъмини эътимоднокии интиқоли барқ ҳангоми кори якҷояи низомҳои энергетикии Ӯзбекистону Тоҷикистон равона шудааст”, - илова кардаанд дар Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.