Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 540 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ ба андозаи 18% афзудааст. Нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли гузашта ин маҳсулот ба ширкатҳои воридкунанда 15% арзонтар афтодааст.

Ҳудуди 90% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва боқимонда аз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону дигар кишварҳо оварда мешавад.

Бо кори интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 50 ширкат машғуланд, ки байни онҳо “Газпромнефт-Тоҷикистон”, “Сеганҷа” ва Агентии давлатии захираҳои моддӣ мавқеи бартариятнок дошта, ҳиссаи умумии онҳо дар ин бозор ҳудуди 90%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҳукумати Русия ба Вазорати энергетика дастур дод, ки соли оянда Тоҷикистон дар ҳаҷми 830 ҳазор тонна бо маҳсулоти нафтии бидуни боҷ таъмин карда шавад. Аз ҷумла, Тоҷикистон бидуни пардохти боҷ 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ дастрас карда метавонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ бо назардошти маълумоти омории дар боло зикршуда, на бештар аз 600 ҳазор тонна аст.

Аз соли 2013 Русия ва Тоҷикистон ҳамасола ҳаҷми таҳвили маҳсулоти нафтии бидуни пардохти боҷро ба Тоҷикистон дар соли дигар мувофиқа месозанд. Соли гузашта ҷонибҳо ба созишомаи 6 сол қабл имзошудаи ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд.

Мувофиқи ин тағйирот, Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки то 5 сентябри ҳар соли тақвимӣ бояд ба Русия ҳаҷми дархостмешудаи маҳсулоти нафтиро дар соли минбаъда, ки аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, пешниҳод намояд.

Мақомоти салоҳиятдори кишварҳо то санаи 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилӣ дар Тоҷикистонро барои соли минбаъда мувофиқа ва тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасананд.

Ғайр аз ин, ҳамасола то 15 ноябр ба ҷониби Русия бояд дар бораи иҷрои тавозунҳои индикативӣ давоми 9 моҳ ва эҳтимоли иҷрои онҳо дар давраи соли ҷории тақвимӣ маълумот дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.