Яке аз сабабҳои иҷрои нопурраи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахши энергетика барои солҳои 2015-2020 дар дастнорас будани сармоя бо маблағи зарурӣ ифода меёбад, гуфта мешавад дар ҳисоботи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ҳисобот дар навбати аввал ба вазъи кунунии душвори молиявии “Барқи тоҷик” ишора мешавад.

Қобили зикр аст, ки қарзи кредитории ширкати мазкур (бо назардошти қарзҳои барои лоиҳаҳои энергетикӣ ҷалбшуда) аз рӯйи натиҷаҳои 6 моҳи соли ҷорӣ 29,3 млрд сомонӣ (ҳууди 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ба 35%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и соли гузашта баробар аст.

Ҳамчунин дар ҳисобот доир ба сарбории қарзӣ ба ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ – уҳдадориҳо назди шарикони рушд, бахусус уҳдадориҳо оид ба ҷалби маблағҳо тариқи ҷойгиркунии евробондҳо дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ сухан меравад.

Маблағҳо барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун тариқи ҷойгиркунии коғазҳои қиматноки давлатӣ бо меъёрҳои нисбатан баланд – 7,1%-и солона ҷалб шуда, дар ҳамин ҳол, меъёрҳо ба қарзҳои имтиёзноки ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ аз 0 то 2%-и солонаро ташкил медиҳанд.

Коғазҳои қиматноки давлатии Тоҷикистон соли 2017 ба маблағи 500 млн доллар аз ҷониби сарсмоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харида шуданд.

Камбуди сармоягузории зарурӣ барои амалисозии лоиҳаҳои энергетикиро дар Вазорати энергетика инчунин ба маҳдудиятҳои Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) нисбат медиҳанд.

Гап сари он аст, ки ХБА давра ба давра сохтор ва ҳолати қарзи хориҷии кишварҳои ҷаҳонро таҳлил ва арзёбӣ менамояд, ки ба сифати як раҳнамое ба қарздиҳандагони бисёрҷониба хидмат мекунад.

Ба истилоҳ “хати сурх” барои кишварҳои даромадашон паст (кишварҳои камбизоат) ба мисли Тоҷикистон, ки пас аз он ба қарздиҳандагон худдорӣ аз қарзииҳии минбаъда ба чунин кишвраҳо тавсия мешавад, дар сатҳи 40%-и ММД-и кишварҳо қарор дорад.

Ба ҳолати 1 июли соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 3 млрд 256 млн долларро ташкил медиҳад, ки ба 38,2%-и ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст.

Мавриди зикр аст, ки бузургтарин мададрасони молиявии Тоҷикистон – Бонки осиёии рушд аз соли 2018 ба Тоҷикистон танҳо грант ҷудо мекунад. Чунин ҳолатро намояндагони ин ниҳод ба фишори баланди қарзӣ ба ҷумҳурӣ рабт медиҳанд.

Чӣ корҳо ба сомон расиданд?

Дар ҳамин ҳол, дар ҳисоботи Вазорати энергетика гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика иқтидорҳои нави электроэнергетикӣ сохта шуда, чунин иншооти амалкунанда таъмиру навсозӣ шуданд.

Дар навбати аввал ба истифода додани ду гидроагрегати неругоҳи Роғун (иқтидори умумиашон 760 МВт) ва МБГ “Душанбе-2” зикр мегардад.

Барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” 21,3 млрд сомонӣ ва МБГ “Душанбе-2” – 326,5 млн сомонӣ маблағ равона гардид.

Дар доираи қисмати дуюми Нақшаи чорабиниҳо тибқи маълумоти Вазорати энергетика, шабакаҳои нави электроэнергетикӣ (зеристгоҳ ва хатҳои интиқоли барқ) сохта шуданд, шабакаҳои амалкунанда таъмиру навсозӣ шуданд, инчунин лоиҳаҳо оид ба ҷорисозии низоми назорат ва истифодаи барқ татбиқ шуданд.

Дар ҳисоботи Вазорат таъкид мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба сохтмон ва таъмиру навсозии неругоҳҳо иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар ба андозаи 1072 МВт боло рафт.

Низоми электроэнергетикии Тоҷикистон

Иқтидори умумии муқарраршудаи электроэнергетикии ҷумҳурӣ ҳудуди 5,8 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад.

Соли 2020 истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз ҳудуди 54 млн кВт/соатро ташкил додааст, ки қариб 1 млрд кВт/соат камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Дар умум соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 19,8 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки қариб 1 млрд кВт/соат камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Наздики 91%-и барқ соли гузашта дар неругоҳҳои барқи обӣ ва боқимонда дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шудааст. Қаблан ҳиссаи неругоҳҳои барқи обӣ 96-97%-ро ташкил медод, лекин баъди ба истифода додани МБГ “Душанбе-2” вазни қиёсии неругоҳҳои обӣ чанде камтар шуд.

Итесҳсолкунандаи асосии барқ НБО “Норак” мебошад, ки бо вуҷуди таъмиру навсозии баъзе агрегатҳо, зиёда аз нисфи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба ҳиссаи он рост меояд.

Имконоти гидроэнергетикии кишвар 527 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Ҷумҳурии Заир, Ҳиндустон ва Канада зинаи 8-умро ишғол мекунад.

Дар назар аст, ки то соли 2033 НБО “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки бузургтарин (иқтидори муқарраршуда 3600 МВт) дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Айни замон аз 6 агрегати ин неругоҳ 2-тоаш кор мекунад.

Айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат неруи барқ 22,66 дирам (2 сент) пардохт мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.