Айни замон аз Тоҷикистон ба Афғонистон танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд неруи барқ интиқол дода мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз “Барқи тоҷик”.

Ба гуфтаи манбаъ, тавре ки охири моҳи декабр ширкатҳои энергетикии ду кишвар тавофуқ ҳосил намуда буданд, ҳаҷми интиқоли шабонарӯзии барқ ба ин кишвар 600-700 ҳазор киловатт-соатро ташкил медиҳад.

“Ба тавозуни умумии ттаъминоти Тоҷикистон бо барқ ин ҳаҷм ҳеҷ гуна таъсир намерасонад”, - гуфтанд дар ширкат.

Манбаъ таъкид дошт, ки содироти шабонарӯзии барқ ба Афғонистон ба ҳисоби миёна тақрибан ба 1% аз ҳаҷми умумии барқи дар Тоҷикистон истеҳсолмешуда баробар аст.

Зимнан зикр шуд, ки танҳо дар мавсими баҳору тобистон, замони дар ҳаҷми барзиёд барқро дар ихтиёр доштани неругоҳҳои кишвар ҳаҷми содирот тадриҷан меафзояд.

“Мувофиқи қарордодҳо, дар моҳҳои май-сентябри соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ то 9,6 млн киловатт-соат барқ интиқол медиҳад”, - зикр кард сарчашмаи хабар.

Манбаъ илова намуд, ки “Барқи тоҷик” ният дорад, ки ҳамаи уҳдадориҳои худро тиқби қарордоди имзошуда бо Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) иҷро кунад ва умедвор аст, ки ин ширкат пардохти маблағи истифодаи барқро пурра ва саривақт таъмин хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.