Қарзи умумии кредитории ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 32,3 млрд сомонӣ (наздики 2,9 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда 3,3 млрд сомонӣ (292 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”.

Қарзи умумии кредитории ширкат ба 33%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2021 (98,9 млрд сомонӣ) баробар аст.

Аз ҷумла, қарзи “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молия (қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои электроэнергетикӣ) ба зиёда аз 24,1 млрд сомонӣ расидааст.

Қарз ба “Ориёнбонк” ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” - 2,1 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-2” - 2,7 млрд сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” - 630 млн сомонӣ ва ҶСК ”Тоҷиктрансгаз” - 362 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ширкат аз ангишти гирифтааш барои Марказҳи барқу гармидиҳӣ ба таҳвилгарон 215 млн сомонӣ қарздор шудааст.

Соли 2021 тариқи иқтидорҳои энергетикии “Барқи тоҷик” 15,9 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуда, 65%-и он ба неругоҳи Норак рост меояд.

Ғайр аз ин, соли гузашта ширкат асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Роғун” дар ҳаҷми 4,5 млрд кВт/соат неруи барқ дастрас намудааст.

Ширкат соли гузашта ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) ба хориҷи кишвар барқ содир намудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла соли гузашта ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) ва Ӯзбекистон - 260,2 млн сомонӣ (23 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.