Арзу шикояти сокинони шаҳри Душанбе дар робита ба норасоии пули нақд дар банкоматҳо то ҳол идома дорад. Чунин вазъият дар шаҳр қариб ду ҳафта инҷониб ба мушоҳида мерасад. Хабарнигори “Азия-Плюс” ба сайругашти пойтахт баромада, банкоматҳоро санҷид ва кӯшиш кард, ки аз онҳо пули нақд бигирад.

Аз якчанд банкоматҳои “Амонатбонк”, “Спитамен Бонк”, “Бонки Эсхата” ва “Душанбе Сити” ба хабарнигор муяссар шуд, ки танҳо аз 1-тоаш пули нақд бигирад.

Ба навори видеоии мо таваҷҷуҳ кунед, то бифаҳмед, ки дар кадом банкоматҳо пул ҳаст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.