Қазоқистон аз 23 майи соли 2022 содироти шакару қандро ба хориҷи кишвар манъ мекунад, хабар медиҳад маркази тттилооти кории Kapital.kz бо истинод ба фармони вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев.

Қаблан Карашукеев изҳор дошта буд, ки Қазоқистон худро бо шакар ба андозаи ҳамагӣ 7% таъмин мекунад, лекин 7 баробар - то 254 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли он ба нақша гирифта шудааст ва ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми воридоти он 32% кам шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи Қазоқистон дар содироти шакар ба Тоҷикитсон ҳамагӣ 1,11 фоизро ташкил медиҳад.

Чанде пеш нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф содироти шакар аз ин кишварро мамнӯъ кард ва ин тасмимро барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва ба эътидол овардани қимати шакар дар шароити афзоиши таваррум муҳим хонд.

Дар ҳамин ҳол, Покистон эълом накардааст, ки ин маҳдудиятро ба кадом муҳлат ҷорӣ мекунад.

Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон шакар ё қанд истеҳсол намешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 19,5 ҳазор тонна шакар ва маснуоти қаннодӣ ворид шудааст.

Ҳиссаи Қазоқистон дар содироти шакар чандон зиёд нест, лекин дар баробари Русия ва Беларус, Покистон низ яке аз таҳвилгарони бузурги ин маҳсулот ба кишвари мо ба шумор меравад.

Дар Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки барои бо шакари итеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолӣ, кишти васеи лаблабуи қандро ба роҳ мондан зарур аст.

Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Сайфиддин Садриддинов дар газетаи “Садом мардум” изҳор доштааст, ки минбаъд замини кишти лаблабуи қандро васеъ карда, дар ноҳияҳои Рашт, Муъминобод, Ваҳдат, Ховалинг, Файзобод ва Исфара корхонаҳои истеҳсоли қанду шакар сохтан лозим аст.

Қаблан барои бунёди заминҳои кишти лаблабуи қанд ва коргоҳҳои истеҳсоли шакар дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода талошҳо сурат гирифта, лекин бо сабабҳои гуногун лоиҳаҳо амалӣ нашуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.