Дар Душанбе байни минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва ширкати TBA AlShatri-и Миср дар бораи таъсиси корхонаи муштарак дар бахши хидматрасонии авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре ки дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, санад рӯзи 14 май дар доираи баргузории ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Миср имзо шудааст.

Дар бораи чӣ гуна корхона будан ва ба кадом фаъолият машғул шудани он маълумот дода намешавад.

Сурат: ПСС ҶТ

Ҳамоиши тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби сафари ҳайати сармоягузорон ва соҳибкорони Миср ба Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар он зиёда аз 30 нафар соҳибкорони Тоҷикистон ва беш аз 10 нафар намояндагони ширкатҳои Миср аз соҳаҳои авиатсия, энергетика, сайёҳӣ, дорусозӣ ва  дигар бахшҳо ширкат варзиданд.

Пас аз имзои санадҳо байни соҳибкорон ва сармоягузорон дар шакли BxB вохӯриҳои дуҷониба баргузор шуданд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ҳайати сармоягузорони Миср зимни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳор доштанд, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшонро боз кунанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Миср 773,4 ҳазор долларро ташкил додааст, ки 25,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Содирот ба маблағи 18 ҳазор доллар ва воридот дар ҳаҷми 755,4 ҳазор доллар сурат гирифтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.