Чанде пеш, Ҳела Шайхруҳӣ, ноиби президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) оид ба Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар доираи ин сафар ӯ бо намояндагони баландмақоми давлатӣ, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ мулоқот намуд.

Зимни ин мулоқотҳо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак, тавсеаи ҳамкории минбаъда, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, Ҳела Шайхруҳӣ бо соҳибкорон мулоқот карда, дар бораи хусусиятҳои соҳаҳои фаъолияти худ ва нақшаҳои хеш барои тавсеа додани он суҳбат намуд.

Ёдовар мешавем, ки IFC лоиҳаҳоро дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.