Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 7,3 млрд долларро ташкил дод, ки 15% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Маблағи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон беш аз 2,1 млрд доллар ва воридоти он ҳудуди 5,2 млрд долларро ташкил дода, ба ин тариқ, касри тавозуни савдо ба зиёда аз 3 млрд доллар баробар шуд. Дар муқоиса бо соли 2021 ҳаҷми содирот 0,4% ва воридот - қариб 23% кам шуд.

Қисмати бештари маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ашёи хоми гуногун рост меояд. Аз ҷумла, содироти маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, консентрат ва ғайра) ҳудуди 41,8%, сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо - 24,7%, фулузоти нимқиматбаҳо (алюминий) ва маснуот аз он - 14,9%, маводи нассоҷӣ ва маснуот аз он - 13% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.

Мавқеи асосиро дар воридот маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва дигар маҳсулот) - 19,3% (аз ҳаҷми умумии воридот), мошин ва таҷҳизот - 11,9%, фулузоти арзон ва маснуот аз он - 9,8%, маҳсулоти саноати кимиё - 9,6%, маҳсулоти растанӣ - 9,3%, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ - 8,9% ва ғайра ташкил медиҳанд.

Соли гузашта Тоҷикистон бо 110 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (22,9% дар савдои хориҷии Тоҷикистон), Қазоқистон (19,7%) ва Чин (18%) боқӣ мондаанд. Маҳсулоти Тоҷикистон дар соли гузашта асосан дар бозорҳои Қазоқистон (22,6% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (18,1%) ва Чин (17,2%) фурӯхта шудааст.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон асосан аз Русия (30,7% аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон (18,5%) ва Чин (16,3%) оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.