Рӯзи 1 март дар системаи шабакаҳои барқии кишвар садамаи бузург рух дод, ки бар асари он дар баробари интиқоли нерӯи барқ, ​​интиқоли гармӣ ва оби нӯшокӣ низ қатъ гардида, инчунин сокинони Тоҷикистон бе алоқаи мобилӣ ва интернет монданд.

Рӯзи аввали баҳор сокинони пойтахт ба як ҳолати ногувор дучор шуданд: тақрибан нисфирӯзӣ (соати 11:10) дар ҳавои ғайримуқаррарӣ сард ва бориши барф дар тамоми пойтахти кишвар барқ хомӯш шуда, дар пайи он интиқоли обу гармӣ  қатъ шуд ва сокинон ҳатто бе алоқаи мобилӣ ва Интернет монданд.

Бисёре аз шаҳрвандон, чуноне ки баъдтар маълум шуд, дарҳол фикр карданд, ки акнун на бо қатъшавии мунтазами барқ, ки дар давоми ҳафтаи охир маъмулӣ шудааст, балки ба садама дар хатҳо дучор шудаанд. Усули муайянкунӣ хеле содда, аммо хеле дақиқ баромад: ҳангоми дидаву дониста қатъ кардан, чароғ фавран хомӯш мешавад, лекин дар сурати садама дар хатҳо оҳиста- хомӯш мешавад ва тадриҷан равшаниро гум мекунад. Ин аз таҷрибаи талхи солҳои истиқлол гирифташуда гувоҳӣ медиҳад.

Хомӯшии мақомоти маҳаллӣ, сохтору ширкатхои дахлдор вазъияти бе ин ҳам вазнинеро, ки ахолии шаҳр ба он дучор шуда буд, боз ҳам мураккабтар сохт.

Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо маъмулан вақте ки чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, худи масъулини кишварҳо бо тарзҳои гуногун талош мекунанд, ки сокинонро огоҳ сохта, онҳоро ором ва ҳатто узрхоҳӣ кунанд.

Таъмини нерӯи барқ баъди зиёда аз се соат барқарор шуд, аммо рӯзҳои баъдӣ мушкили таъмини гармӣ боқӣ монд (баъзеҳо то ҳол гармӣ надоранд).

Баъдан маълум шуд, ки ба истиснои ВМКБ, ки системаи барқаш дар асоси қарордоди давлат бо ширкати хусусии “Помир-Энержи” идора мешавад, қариб тамоми ҷумҳурӣ бе барқ мондааст.

Акси марбута аз Яндекс

Хатҳо тоб наоварданд

Намояндаи ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе” Парвиз Қутбиддинов ба шабакаи телевизиони “Душанбе” қатъи интиқоли барқро дар низоми энергетикии кишвар “садамаи технологӣ дар хатҳои шиддати баланди магистралии ҷумҳуриявӣ” маънидод кард.

Дуруст аст, ки вай мушаххас накард, ки маҳз кадом хатҳо ба гуфтаи ӯ, ба афзоиши бесобиқа ва чандинкаратаи истифода ба сарборӣ тоб оварда наметавонанд. Ӯ гуфт, ҳаҷми истифода дар пойтахт ба 20 млн кВт/соат дар як шабонарӯз расид, ки ба сеяки истеҳсоли ҳаррӯзаи барқ дар ҳамаи иқтидорҳои ҷумҳурӣ баробар аст. Ва аз 10 сокини кишвар 9 нафараш берун аз пойтахт ба сар мебаранд.

Қутбиддинов зикр кард, ки барои рафъи оқибатҳои садама ва барқарор намудани таъминоти кишвар бо барқ зиёда аз 2 соат лозим шуд, чунки ивази хат вақтро мегирад.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҳолати обуҳавои ғайримуқаррарӣ дар низоми ҳама гуна кишвар, ҳатто давлатҳои рушдёфта чунин ҳодисаҳо ба амал меоянд. Барои минбаъд такрор нашудани он, ӯ ба истифодаи сарфакоронаи барқ дар шароити камбуди он даъват кард.

Дар ҳамин ҳол, ӯ мавҷуд будани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро дар шаҳр қотеъона рад намуда, қатъи интиқоли онро дар ин ё он минтақаи шаҳр чораҳои маҷбурӣ номид, ки барои нигаҳдории зерсохтор дар шароити сарбории зиёд ба система рӯйи даст гирифта мешаванд.

Қутбиддинов сарусадоҳо дар бораи мавҷудияти лимитро "иғвои баъзе расонаҳо" номид.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи дуюм инҷониб сокинони Душанбе ​​рӯзона бо қатъи нерӯи барқ ба муҳлати 2-3 соат дучор мешаванд.

Дар деҳоти кишвар, ки ҳудуди 70 дарсади аҳолии кишвар зиндагӣ мекунанд, аз 20 сентябри соли гузашта нерӯи барқ ​​ба миқдори маҳдуд дода мешавад. Сокинон онро дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8-9 соат – 3 соат субҳ ва 5-6 соат бегоҳ мегирифтанд.

Аммо дар як ҳафтаи ахир вазъ дар минтақаҳо боз ҳам сангинтар шудааст: ҳоло баъзан мардум тамоми шабонарӯз бе барқ ​​мемонанд. Дар баробари ин, акнун бо маҳдудияти шадид мисли пешин натанҳо хонаводаҳо, балки муассисаҳои тиббӣ, мактабу нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ҳам дучор мешаванд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қаблан баъди шадид шудани вазъияти таъминот бо барқ муроҷиат интишор карда, дар он бо истинод ба “Барқи тоҷик” инро ба “сатҳи пасти об дар обанбори Норак” нисбат доданд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти НБО “Норак” тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, дар нишасти матбуотии нимаи моҳи феврал хабар дод, ки дар муқоиса бо давраи тирамоҳу зимистони соли гузашта дар ин мавсим муяссар шудааст, ки 3 метр зиёдтар захираҳои обро сарфа кунанд.

Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ё худ лимит дар Тоҷикистон ҳамасола охири моҳи сентябр - аввали октябр оғоз гардида, то моҳи апрел идома меёбад. Муҳлати маҳдудиятҳо ба шароити мусоиди обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст.

НБО "Роғун"
Сурат: Хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Хунукназарии маъмулӣ?

Манбаъҳои наздик ба бахши энергетикӣ ҳангоми қатъи сартосарии интиқоли барқ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки садама дар НБО “Норак” рух додааст. Ин иншоот зиёда аз нисфи истеҳсоли умумии барқро дар кишвар таъмин мекунад.

Аммо мутахассисони таҷрибадори соҳа садама дар неругоҳоро рад карда, инро бо он шарҳ медиҳанд, ки дар иншооти мазкур тайи солҳои ахир таҷҳизоти навтарин, аз ҷумла низоми бехатарӣ насб шудааст ва он камтарин ноҷуриҳоро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи яке аз чунин мутахассисон, садама ба гумони ғолиб, дар шабакаҳои тақсимот ва шояд шабакаҳои интиқол рух додааст.

Энергетик зикр кард, ки дар неругоҳҳо мутахассисони нисбатан ҳирфаӣ машғули кор буда, онҳо ба қоидаҳои бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ бомасъулият рафтор мекунанд. Одамони тасуодуфӣ, ба гуфтаи ӯ, асосан дар байни кормандони шабакаҳо вомехӯранд, ки нисбати кори худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд.

Манбаъ таъкид дошт, ки  сабаби садамаи аз ҷониби намояндаи шабакаҳои тақсимот садодода (истифодаи беҳад зиёд) аллакай дар бораи муносибати хунукуназаронаи хадамоти диспетчерӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ӯ шарҳ дод, ки кормандони хадамоти мазкур аз ҷумла, ба мушоҳидаи шабонарӯзӣ ва назорати сарборӣ дар шабакаҳо машғуланд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Ба қавли ӯ, ҳангоми зиёдшавии сарборӣ дар низом (зиёдшавии истифода нисбат ба истеҳсол), диспетчерҳо уҳдадоранд, ки интиқоли барқро ба қисмате аз истифодабарандагони шабакаҳо қатъ кунанд, зеро беамалӣ дар чунин ҳолатҳо ногузир ба садама оварда мерасонад.

Энергетик фаҳмида наметавонад, ки чӣ гуна ба хеле барзиёд шудани сарборӣ роҳ дода шудааст ва изҳор мекунад, ки “усулан набояд чунин бошад”, зеро “ин дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар шабакаҳо мебошад”.

“Дар ҳама гуна ҳолат, пас аз рух додани чунин миқёс ҳолати фавқулода бояд комиссияи махсус таъсис дода шуда, он бояд ҳамаи ҳолатҳоро ҳамаҷониба омӯзад ва ба хулосаи ниҳоӣ расад”, - илова намуд ӯ.

Одат кардаем

Чунин ҳодисаҳои фавқулодаи бузургмиқёс дар системаи энергетикии кишвар тайи солҳои соибистиқлолӣ чандин маротиба ба мушоҳида расида, аз ҳама хотирмонашон шояд садамаҳои моҳи ноябри соли 2009 ва октябри соли 2016 бошанд.

Дар садамаи 9 ноябри соли 2009 дар НБО “Норак” қисмати марказии Тоҷикистон, инчунин вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон як рӯз бе барқ монданд. Дар натиҷа Ӯзбекистон хатҳои худро аз низоми энергетикии Тоҷикистон пурра ҷудо кард ва ба ин тариқ, низоми ҷумҳурии мо ба таври автоматӣ аз ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ берун монд.

Садамаи 28 октябри соли 2016-ро дар “Барқи тоҷик” ба нуқсҳо дар кори таҷҳизоти зиддисадамавии зеристгоҳи “Регар 500-кВ” нисбат доданд, ки ба бозистии кори НБО “Норак” боис гардид. Дар муддати се соат қариб тамоми ҷумҳурӣ ба ҷуз сокинони ВМКБ, бе барқ монд.

Садамаи мазкур ба Ширкати алюминии тоҷик ба маблағи зиёда аз 8 млн доллар зиён расонид. Он замон дар ширкат хабар дода буданд, ки 40 ваннаи электролизӣ, ки ҳар кадоме беш аз 200 ҳазор доллар нарх доранд, аз кор баромаданд. Чуин ваннаҳо баъди чунин ҳодисаи фвақулода дигар барқарор намешаванд ва лозим буд, ки онҳо бо навашон иваз карда шаванд.

Он замон аз дигар зиёни иқтисодӣ хабар дода нашуд. Зикр гардид, ки рӯзи минбаъда барои ошкор сохтани сабабҳои садама ва гунаҳкорони он комиссияи махсус таъсис дода шуд. Аммо аз натиҷаҳои кори ин комиссия ба мисли солҳои пешин ва ҳангоми чунин ҳодисаҳо ба ВАО ягон маълумот дастрас нашуд.

Натиҷаҳои кори комиссия оид ба ошкор намудан ва муайян кардани гунаҳкорони садамаи ахир (агар он умуман таъсис ёфта бошад), ба гумони ғолиб ифшо намешавад, илова бар ин, дастрасии ВАО ба маълумоти расмӣ тайи солҳои ахир ба таври назаррас бад шудааст.

Чӣ мебояд кард?

Коршиносони мустақил як қатор омилҳоеро номбар мекунанд, ки дар рух додани садамаҳо бо чунин хусусият ва дар чунин сатҳ дар системаи энергетикии кишвар нақши асосӣ доранд.

Онҳо изҳор мекунанд, ки то даме, ки чунин омилҳо вуҷуд доранд, хатари қатъи сартосарии барқ дар ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Ин, аз ҷумла, поинравии мавсимии сатҳи об дар обанбори НБО “Норак”. Аммо ба ақидаи коршиносон, аз ин пададаи табиӣ ҷойи гурез нест. Обанбори Норак дар ибтидо ҷиҳати захираи об барои як мавсими тирамоҳу зимистон пешбинӣ шуда, то охири мавсим захираи он тамом мешавад. Гузашта аз ин, дар тӯли солҳо аз таҳшиншавии лойқа дар обанбор ҳаҷми оби ҷамъшуда умуман коҳиш ёфтааст. Барои тозакунии чунин обанбори бузург имконият нест.

Ин мушкилотро метавон танҳо пас аз анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳаллу фасл кард. Неругоҳ дорои обанбори танзими бисёрсола хоҳад буд (обро барои якчанд мавсим захира кардан мумкин аст).

Обанбори Роғун, ки дар болооби дарёи Вахш ҷойгир аст, роҳи таҳшинҳоро аз дарё мебандад ва барои мавҷудияти обанбори Норак зарурати махсус намемонад, зеро неругоҳ аз ҳисоби захираи боло, обанбори калонтар ҳаҷми заруриро мегирад.

Коршиносон омили дуюмро, ки ба фаъолияти муътадили системаи энергетикии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, “набудани механизми ҷуброни мутақобилаи неруи барқ ​​бо кишварҳои ҳамсоя, ки аз марказҳои барқу гармидиҳӣ истифода мебаранд”, унвон мекунанд.

Ин механизм, ки то соли 2009 амал мекард, имкон медод, ки дар фасли зимистон нерӯи барқ ​​гирифта, дар тобистон вақти барзиёдии барқ дар мо, он баргардонида шавад.

Системаи энергетикии Тоҷикистон, тавре ки дар боло зикр гардид, пас аз садамаи моҳи ноябри соли 2009, вақте ки Ӯзбекистон ба таври якҷониба аз шабакаҳои мо ҷудо шуд, дар ҳолати ҷудогона кор мекунад.

Раҳбарияти Вазорати энергетика қаблан хабар дода буд, ки то охири соли 2023 системаи энергетикии кишвар ба Системаи ягонаи энергетикии минтақа шомил мешавад, аммо ин ҳанӯз сурат нагирифтааст.

Тибқи маълумоти Вазорат, аз соли 2018 нерӯи барқи Тоҷикистон дар фасли тобистон ба бархе аз манотиқи вилояти Сурхондарё дар реҷаи “ҷазира” (автономӣ, асинхронӣ) дода мешавад. Оддӣ карда гӯем, шабакаҳои энергетикии қаламравҳои ҷумҳурии ҳамсоя, ки аз Тоҷикистон нерӯи барқ ​​мегиранд, аз системаи марказии энергетикии Ӯзбекистон ҷудо шудаанд.

Ба омилҳое, ки боиси сарбории зиёд ба системаи энергетикии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон мегарданд, инчунин набудани гармидиҳии мутамарказ, ҳадди аққал дар шаҳрҳои нисбатан калон низ дохил аст, ки ниёз ба нерӯи барқро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон гармидиҳии мутамарказ танҳо дар шаҳри Душанбе вуҷуд дорад ва дар ҳамин ҳол, ҳанӯз тамоми шаҳр бо гармӣ таъмин нашудааст.

Солҳои ахир борҳо бархе аз коршиносон зарурати бунёди маркази барқу гармидиҳӣ дар вилояти Суғд дар наздикии кони ангишти Шӯробро, ки мушкили камбуди нерӯи барқ ​​дар шимоли ҷумҳуриро ҳал хоҳад кард, зикр карда буданд. Дар он ҷо ин мушкилот ҳатто дар фасли тобистон вуҷуд дорад.

Аммо ба ин пешниҳод то ҳол вокуниши расмӣ нашудааст, ҳадди ақал расонаҳо дар ин бора хабаре дарёфт накардаанд.

Ғайр аз ин, коршиносон ба сифати омилҳое, ки ба садамаҳо дар системаи энергетикӣ боис мегарданд, ба таври васеъ истифода нашудани технлогияҳои каммасраф, аз ҷумла гармкунии биноҳо ва ҳамчунин манобеъи садамавии неруи барқ ​​(генераторҳо)-ро номбар мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.