Истеҳсолкунандаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳо фоидаи кам мегирад. "Азия-Плюс" сабабҳои инро шарҳ медиҳад.
Бино ба иттилои расмӣ, давоми моҳҳои январ-апрели соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 18,9 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки 25,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ин афзоиш асосан аз ҳисоби саноати истихроҷ (1,9 баробар) таъмин шудааст, дар ҳоле, ки суръати рушди саноати коркард ҳамагӣ 3,5%-ро ташкил додааст.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 121 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ин нишондиҳандаҳо метавонист зиёдтар бошад, агар мушкилоти муайян вуҷуд намедошт.
Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда
Бино ба маълумоти моҳи августи соли 2024, дар Тоҷикистон 92 корхонае, ки аз фаъолият бозмондаанд, ба қайд гирифта шудаанд.
Ин рақам аз ҷониби вазири саноат ва технолгияҳои нав Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 1-уми августи соли гузашта садо дод. Ба гуфтаи ӯ, 58,7%-и онҳо корхонаҳое мебошанд, ки аз соли 2008 то 2018 ва 41,3%-ашон - аз соли 2019 то 2022 кор накардаанд.
“Ин корхонаҳо ба соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, аз ҷумла коркарди пахта, мошинсозӣ, саноати мудофиа, истихроҷи ангишт ва саноати кӯҳкорӣ мансубанд”, - изҳор дошт вазир.
Сабабҳои асосии муваққатан аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро ӯ ба мушкилоти молиявӣ ва ҷумҳуриро тарк кардани онҳо дар давраи пандемияи корнавирус рабт дод.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, сабабҳои қатъи истеҳсолот коҳиши сатҳи рақобатпазирии маҳсулот дар муқоиса бо воридотӣ, болоравии нарх ба ашёи хом, мавҷуд набудани талабот ва душвориҳои фурӯши маҳсулот мебошанд.
Солҳои тӯлонӣ маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ ҷойи худро ба маҳсулоти арзонтар ва зеботару бастабандии хубдоштаи воридотӣ медоданд, то ҷое ки рақобатпазирии худро аз даст дода, дар ниҳояти кор аз бозори дохилӣ берун шуданд.
Имрӯз бозори дохилии кишварро асосан маҳсулоти истеҳсоли хориҷӣ ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир вазъият тадриҷан беҳтар шуда, бо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти нав бо тамғаи ватанӣ истеҳсол шуда истодааст.
Ба рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ афзалият дода мешавад.
Бисёре аз корхонаҳо самти фаъолияти худро дигар карда, ба истеҳсоли молҳои нав оғоз намудаанд. Онҳое, ки натавонистанд истеҳсоли навро ба роҳ монанд, аз бозор хориҷ шуданд. Мисоли равшан — корхонаи истеҳсоли зарфҳои чинӣ (фарфор) дар шаҳри Турсунзода мебошад.
Гурӯҳи дигаре аз корхонаҳо ба истеҳсоли молҳои серталаб имкон дошта, вале бинобар хатҳои технологии кӯҳна фаъолият намекунанд. Масалан, корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки айни замон масъалаи таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир мавриди баррасӣ қарор дорад.
Камбуди ашёи хом
Тақвияти иқтидор дар баъзе корхонаҳо бар асари камбуди ашёи хом ғайриимкон аст. Дар ин самт метавон корхонаҳои истеҳсоли равғани растаниро мисол овард.
“Барои истеҳсоли 100 ҳазор тонна равған ҳудуди 833 ҳазор тонна тухмии зироатҳои равғандор зарур буда, Тоҷикистон бошад, барои парвариши ин миқдор ашёи хом имкон надорад”, - изҳор дошт Шералӣ Кабир.
Бино ба маълумоти омории Вазорати кишоварзӣ, майдони кишти пахта ва зироатҳои равғандор ҳудуди 200 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Ҳосили ҳамасолаи пахта зиёда аз 420 ҳазор тонна ва зироатҳои равғандор, аз ҷумла маъсар (сафлор), офтобпараст, кунҷид ва дигар ҳамаи ин навъҳо ба 100 ҳазор тонна намерасад. Аз онҳо метавон на зиёдтар аз 25 ҳазор тонна равған истеҳсол кард.
Ба корхонаҳои истеҳсоли консерва низ интиқоли мутамаркази сабзавоту мева ба миқдори зиёд намерасад.
Мушкилоти таъминот бо барқ
Аз камбуди барқ дар давраи зимистон на танҳо аҳолӣ, балки бисёре аз корхонаҳо низ зиён мебинанд. Корхонаҳои коркарди пахта дар нимаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980 тонна камтар нахи пахта истеҳсол кардаанд. Сабаби асосии камшавии нишондиҳандаҳо камбуди барқ гуфта мешавад.
Таъмини номунтазам бо барқ дар семоҳаи аввали соли 2024 ба коҳиши суръати истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ширкати “Азот”-и Левакант сабаб шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхона дар зарфи ним сол ба маблағи 7,3 млн сомонӣ камтар маҳсулот истеҳсол кардааст.
Таъмини номунтазам бо барқ дар парвариши ашёи хом барои саноати коркард низ мушкил эҷод мекунад.
Тибқи маълумоти Агентии обёрӣ, соли 2023 бар асари қатъи ғайринақшавии интиқоли барқ ба пойгоҳҳои обкашӣ, дар саросари кишвар дар натиҷаи ногаҳон қатъ шудани барқ, пойгоҳҳои обкашӣ 130 маротиба аз кор баромадаанд.

Коҳиши содирот дар мисоли семент
Тайи солҳои ахир Тоҷикистон дар истеҳсоли семент ва истихроҷи ангишт ба пешрафтҳо даст ёфт. Қисмате аз ин маҳсулот ба хориҷа содир шуда, воридоти асъорро ба буҷет таъмин мекард.
Дар зарфи чор моҳи соли 2025 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 154 ҳазор тонна семент содир кардааст.
Барои муқоиса, соли 2024 ҳаҷми умумии содироти семент 655 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 286 ҳазор тонна (-30,4%) камтар нисбат ба соли 2023 мебошад.
Содирот ба Ӯзбекистон то 260,2 ҳазор тонна (аз 340 ҳазор тонна дар соли 2023) кам шуда, интиқол ба Афғонистон 393,7 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Сабаб дар он аст, ки харидорони асосии сементи Тоҷикистон - Ӯзбекистон ва Афғонистон воридоти сементро кам карданд. Дар Ӯзбекистон якчанд корхонаҳои истеҳсоли семент ба истифода дода шуда, на танҳо талаботи дохилиро қонеъ намуданд, балки қисмате аз бозори Афғонистонро низ гирифтанд.
Акнун ба Тоҷикистон лозим аст, ки барои фурӯши сементи худ бозорҳои нав ҷустуҷӯ кунад.
Содироти ангишт ба Покистон ва Афғонистон бар асари болоравии боҷи транзитӣ дар Афғонистон камфоида шуд. Ин кишвар нархи ҳамлу нақли борҳо тавассути қаламрави худро аз 7 доллар то 40-50 доллар боло бурд. Аз ин рӯ, дар муқоиса бо нимаи аввали соли 2024 содироти ангишт ба Афғонистон 15 ҳазор тонна ва Покистон - 65 ҳазор тонна кам шуд.

Арзиши аслии баланди ашёи хом
Нисбат ба кишварҳои ҳамсоя, дар Тоҷикистон бар асари омилҳои гуногун арзиши аслии маҳсулоти гуногуни истеҳсолмешуда ба таври назаррас баландтар аст, ки дар натиҷа маҳсулоти ватанӣ хеле гарон мешаванд.
Ин аз зинаҳои аввали занҷираи истеҳсолӣ - парвариши ашёи хом оғоз мешавад. Кишту парвариши пахта, сабзавоту мева ва дигар маҳсулоти растанӣ бо сабаби гарони маводи сӯзишворӣ, равғаҳои молиданӣ ва хидматрасонии техника маблағгузории зиёдро талаб мекунад.
Масалан, хароҷот ба парвариши пахта дар 1 гектар зиёда аз 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар Ӯзбекистони ҳамсоя ду баробар камтар сарф мекунанд.
Дар чорводорӣ бо сабаби нархҳои баланд ба хӯрока, хидматрасониҳои байторӣ ва қиматшавии қувваи корӣ арзиши аслии ширу гӯшт баланд аст.
Дар сурати коркарди минбаъдаи саноатӣ хароҷот боз ҳам зиёдтар шуда, дар натиҷа истеҳсолкунандаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамтоёни худ дар дигар кишварҳо камтар фоида ба даст меоранд.






