То 6 моҳи соли 2025 дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин 89 корхонаи муштарак ва 268 адад комилан ба Тоҷикистон мансуб аст. Аввали соли 2024 дар Ӯзбекистон  303 корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон амал мекард.

Бино ба маълумоти Кумитаи милии омори Ӯзбекистон, то 1 июли соли 2025 дар ин кишвар 16 685 ширкати амалкунанда бо сармояи хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 20% зиёдтар аз як соли гузашта аст.

Тоҷикистон аз рӯи корхонаҳои хориҷӣ дар ин кишвар зинаи 8-умро касб мекунад (ҳудуди 2% аз шумори ҳамаи ширкатҳо бо иштироки хориҷиён дар Ӯзбекистон). Барои муқоиса, аввали соли 2024 шумори чунн корхонаҳо ба 303 адад ва нимаи соли 2024 аллакай ба 329 адад баробар буд.

Корхонаҳои Тоҷикистон махсусан дар соҳаи саноат, сохтмони фабрикаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус дар минтақаҳое чун Деҳнав амал мекунанд. Сармоягузорони тоҷик дар бахши истихроҷ, аз ҷумла иктишофи геологӣ ва металлургия низ фаъоланд.

Дар соҳаи энергетика оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, лоиҳаҳо дар самти бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон амалӣ мешаванд ва дар сарҳади кишвраҳо марказҳои тақсимот дар ҳоли рушданд.

Дар логистика ва зерсохтор ширкатҳои Тоҷикистон дар рушди нуқтаҳои сарҳадии “Ойбек-Фотеҳобод” ва “Андархон” иштирок карда, инчунин барои содироти молу маҳсулот ба кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо аз долонҳои нақлиётии кишвари ҳамсоя истифода мебаранд.

Бахшҳои кишоварзӣ ва нассоҷӣ аз самтҳои муҳим боқӣ монда, дар ин соҳаҳо лоиҳаҳои коркарди пахта, бунёди истеҳсолот аз абрешим ва корхонаҳои нассоҷӣ фаъолона роҳандозӣ мешаванд.

Дар самти электроника сармояи Тоҷикистон дар истеҳсол ва васлу насби техникаи маишӣ ба мисли лоиҳаи “Артел Авесто Электреникс” бо таваҷҷуҳ ба инжиринг ва таҳияи барномаҳои техникӣ муаррифӣ мешаванд.

Тавре ки директори Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон Обид Ҳакимов зикр кардааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи шарикони сатратегии кишвар дохил мешавад. Самтҳои ояндадор барои рушди минбаъда - бунёди кластерҳои саноатӣ, рушди нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика), роҳандозии долони логистикии Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин ва густариши самтҳои савдо арзёбӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 корхона бо сармояи Ӯзбекистон амал мекунанд..

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.