Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 24 млрд сомониро ташкил дод, ки 9,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Афзоиши назаррас бахусус дар истеҳсоли зироатҳои полезӣ, мева ва ангур ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ таҳти сарварии роҳбари ин ниҳод Қурбон Ҳакимзода аз фаъолият дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ шуд.
Ба иттилои Вазорат, дар муқоиса бо соли гузашта афзоиши бештар назаррас дар соҳаи растанипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол дар он 9% афзуда, ҳудуди 15,9 млрд сомониро ташкил додааст.
Дар соҳаи чорводорӣ низ афзоиши назаррас ба мушоҳида расида, ҳаҷми он нисбат ба ним соли гузашта 11,2% зиёд ва ҳудуди 8 млрд сомониро ташкил додааст. Дар Вазорати кишоварзӣ махсусан афзоиши истеҳсоли зироатҳои полезӣ, мева ва ангурро зикр кардаанд.

Панҷгонаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки истеҳсолашон афзудааст
Зироати полезӣ. Истеҳсоли зироати полезӣ дар Тоҷикистон 43,1% афзуда, ба сатҳи рекордӣ расид. Дар муқоиса бо 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсол 177 ҳазору 916 тонна зиёд шудааст, ки натиҷаи арзанда буда, рушди истеҳсоли зироатҳои полезӣ дар кишварро тасдиқ месозад.
Мева. Дар соҳаи истеҳсоли мева низ афзоиш назаррас аст - 32,4% ё худ ҳудуди 73 ҳазор тонна. Ин ба туфайли васеъкунии майдонҳо барои парвариши дарахтони мевадиҳанда ва беҳбуди методҳои агротехникӣ муяссар гардидааст.
Ангур. Истеҳсоли ангур 38,2% ё худ зиёда аз 1 ҳазор тонна зиёд шудааст. Рушди ангурпарварӣ дар Тоҷикистон идома дошта, ба он беҳбуди технологияҳо ва зиёд кардани майдони парвариши он мусоидат менамояд.
Картошка. Истеҳсоли картошка 0,3% (+819 тонн) афзудааст. Ҳарчанд афзоиши чандон назаррас набошад ҳам, лекин таваҷҷуҳи бозори маҳаллӣ ба ин маҳсулот зиёд буда, рушди минбаъдаи ин соҳаро ҳавасманд месозад.
Хӯрокаи чорво. Истеҳсоли хӯрокаи чорво 9,4% ё худ ба миқдори 44 ҳазор тонна афзудааст. Ин афзоиш зиёд шудани талабот ба хӯрока ва рушди соҳаи чорводориро нишон медиҳад.





