Дар Ӯзбекистон бо иштироки сармоягузорӣ аз Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли ноқилҳо (кабелҳо) сохта мешавад. Арзиши лоиҳаи сохтмони он 10 млн долларро ташкил дода, ба истифода додани корхона охири соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сохтмони корхонаи истеҳсоли ноқил (сим)-и алюминӣ ва мисӣ босуръат ҷараён дорад. Корхона дар доираи ҳамкории ду кишвари ҳамсоя бунёд мегардад. Аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаро соҳибкор Шуҳратҷон Ашӯрматов ва аз ҷониби Ӯзбекистон тоҷирзани ӯзбек - Фотима Имомова мурррифӣ мекунанд.
Корхона Osiyo Kabellari (Осиё кабеллари) номгузорӣ шуда, дар қитъаи масоҳаташ 1 гектар қомат меафрозад.
Ба бунёди корхона 10 млн доллар маблағгузорӣ мешавад, ки маблағгузории мустақими хориҷист. Ба истифода додани корхона моҳи декабри соли равон пешбинӣ шудааст.

Дар ин корхона истеҳсоли то 15 ҳазор тонна ноқил (сим)-и мисӣ ва то 1 ҳазор тона ноқили алюминӣ дар як сол ба нақша гирифта мешавад.
Нархи умумии маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, тақрибан 21 млн доллар бо қурби ҷорӣ арзёбӣ мешавад. Тибқи ҳисобҳо, корхона ҳудуди 100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Қисме аз маҳсулот ба хориҷи кишвар, дар навбати аввал ба Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ содир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳаҷми содирот ҳудуди 1 млн долларро ташкил хоҳад дод.
Раиси вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров рӯзи 18 июл бо сармоягузорон вохӯрда, бо онҳо масоили суръат бахшидан корҳои сохтмон ва пайваст намудани иншооот ба шабакаҳои муҳандисӣ - обу газ ва нерӯи барқро баррасӣ кард.
Ин бори аввал нест, ки сармоягузорони Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байнулмилалии истеҳсолӣ саҳм мегузоранд.
Гуфта мешавад, лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли ноқилҳо қисмате аз стратегияи умумии рушди саноатии минтақа аст, ки ба таҳкими шарикӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон равона шудааст.




