Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон каме бештар аз 943,2 млн долларро ташкил додааст, ки 53 млн доллар ё худ 5,3% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 августи соли равон Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли Каримзода, ҳаҷми воридот ба андозаи 9,4% афзуда, ба 3,8 млрд доллар расидааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-июни соли гузашта 943 млн доллар зиёдтар мебошад.
Ба ин тариқ, ҳиссаи воридот дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти кишвар 80,1% ва содирот - ҳамагӣ 19,8%-ро ташкил додааст.
Содирот: бисёртар ба Иттиҳоди Аврупо ва камтар ба Русия ва Қазоқистон
Содироти Тоҷикистон мисли пешина аз ашёи хом ва маҳсулоти нимкоркардшуда иборат аст. Ҳиссаи асосиро дар он сурма ва маснуот аз он - 286,5 млн доллар ё худ 30,4%-ро ташкил медиҳад. Дар идома маъдан ва консентратҳо бо ҳиссаи 26,9% (253,4 млн доллар), инчунин алюминии коркарднашуда - 12,8% (120,5 млн доллар) қарор доранд.
Байни молҳои соҳаи кишоварзӣ ва энергетикӣ метавон аз нахи пахта (5,8% ё худ 54,7 млн доллар) ва нерӯи барқ (4,5% ё худ 42,7 млн доллар) ном бурд. Ҳаҷми содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла сабзавоту мева 3,4% (32,5 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар ҳаҷми начандон зиёд, вале назаррас риштаи пахта - 1,4% (13,6 млн доллар), ангишт - 1,1% (10,4 млн доллар), семент - 1,0% (9,8 млн доллар) ва пӯсти хом - 0,2% (1,6 млн доллар) содир шудааст.
Сарфи назар аз коҳиши умумии ҳаҷми савдои хориҷӣ, содироти Тоҷикистон ба як қатор кишварҳо ба таври назаррас афзудааст.
Афзоиши бештар назаррас ба Нидераланд - +262,7 млн доллар ба қайд гирифта шудааст, ки зиёдтарин афзоиш миёни ҳама самтҳо аст. Ҳамчунин ҳаҷми содирот ба кишварҳои зерин низ афзуд:
- ба Ӯзбекистон ба маблағи 27,6 млн доллар
- ба Чин — 24,7 млн доллар
- ба Туркия — 16,4 млн доллар
- ба Белгия —7,6 млн доллар
- ба Покистон — 5,6 млн доллар
- ба Қирғизистон — 3,5 млн доллар.
Дар ҳамин ҳол, дар чанде аз кишварҳо коҳиши ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Коҳиши бештар дар Қазоқистон - 79,1 млн доллар камшавӣ ба мушоҳида расидааст, ки бо назардошти мақоми ин кишвар ба сифати яке аз шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон бахусус эҳсос мешавад.
Ҳамчунин ҳаҷми содирот ба Эрон ба маблағи 8,3 млн доллар, Афғонистон - 6,7 млн доллар, Русия - 5,3 млн доллар ва Ҳиндустон - 1,2 млн доллар кам шудааст.
Воридоти аз ҳама зиёдтар аз Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб
Қисмати асосии воридот маъмулан аз маводи сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва автомобилҳо иборат аст. Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ ва гази табиӣ аз ҳама зиёдтар аст - 11,7% ё худ 443,6 млн доллар.

- автомашинаҳои сабукрав — 8% ё худ 305,3 млн доллар
- гази моеъ — 3,2% (121,2 млн доллар)
- гандум — 3,8% (143,6 млн доллар)
- масолеҳи ҷангал — 2,6% (99,1 млн доллар)
- шакар (қанд) — 1,5% (58,6 млн доллар)
- оксиди алюминий (гилхок) — 1,5% (56,7 млн доллар)
- равғани растанӣ — 1,5% (58,8 млн доллар)
- сабзавот ва мева — 1,4% (53,8 млн доллар).
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон аз рӯи як қатор категорияҳо ба таври назаррас афзуд. Афзоиш бахусус дар воситаҳои нақлиёти сабукрав ба назар мерасад - 18 015 адад, ки +113,3% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Воридоти равғани растанӣ ба андозаи 12 789 тонна (+29,2%) зиёд шуд. Воридоти боз чунин молу маҳсулот афзуд:
Маҳсулоти нафтӣ — 23 337 тонна (+16,2%)
Гандум — 140 586 тонна (+29,7%)
Гӯшти мурғ — 2 511 тонн (+107,2%)

Масолеҳи ҷангал — 54 388 тонна (+19,6%).
Ҳамчунин афзоиши назарраси воридоти телефонҳои мобилӣ ба қайд гирифта шудааст - 151 003 адад (+49%).
Дар дигар категорияҳо низ коҳиш ба мушоҳида мерасад. Ба ин тариқ, воридоти семент ба миқдори 18 510 тонна (–15,3%), орд —14 078 тонна (–36,6%), шакар — 5 526 тонн (–11,4%) ва ҷав —10 232 тонн (–12,5%) коҳиш ёфтааст.
Афзоиши бештари воридот аз кишварҳои зерин сурат гирифтааст:
- аз Чин — ба андозаи 87,9 млн доллар
- Амороти Муттаҳидаи Араб — 46,1 млн доллар
- Русия — 45,5 млн доллар
- Ӯзбекистон — 21,3 млн доллар
- Эрон — 12,1 млн доллар
- Туркия — 10,9 млн доллар
- Қазоқистон — 9,2 млн доллар
- Олмон — 8,2 млн доллар
- Ҳиндустон — 2,2 млн доллар
- Қирғизистон — 2,1 млн доллар.
Ҳамчунин афзоиши воридот аз Литва, Лаҳистон (Полша), Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Украина, Италия, Ҷопон, Белгия, ИМА, Эстония, Суис (Швейтсария) ва Британияи Кабир ба қайд гирифта шудааст, ки болоравии талаботи бахши саноат ва истеъмол ба маҳсулот аз ин давлатҳоро тасдиқ месозад.






