Бар асари лағзиши ярч дар деҳаи Камчаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҷавонзани 19-сола бо тифли 2-солааш ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, боришоти зиёд ба болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳаракати қишри замин боис гардида, дар натиҷа манзили ҳалокшудагон зери маҷрои лойқа ва хоктӯда мондааст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ дар пайи боронҳои шиддатнок ва болоравии оби рӯдхонаҳо, ҳамчунин шамоли сахт якчанд пулҳо ва боми манзилҳо осеб дидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ идома дошта, ҳаҷми зиёни расида муайян карда мешавад. Ба ин корҳо техникаи махсус сафарбар шуда, кормадони Кумита ва намояндагони ҳукумати ноҳия дар макони ҳодиса қарор доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки ҳоло ҳам то 15 апрел фаромадани селу ярч ва болоравии сатҳи оби дарёҳо имкон дорад.