Барфрезиҳои шадиди шабонарӯзи охир ба резиши сангу кӯҳпора дар километри 282-юми роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ боис гардид: ин ҳодиса дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Барои анҷоми корҳои махсуси тозакунии роҳ аз барфрезаву сангу кӯҳпора ҳаракат дар ин қитъаи роҳи мазкур муваққатан қатъ шуд.

Барои корҳои тозакунии роҳ 4 адад техникаи махсуси Вазорати нақлиёт, ҳамчунин дастаи зудамали наҷотдиҳандагони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафарбар шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ.

“Дар се мавзеи ин қитъаи роҳ ярчу сангпора рехта, дарозии кӯҳпораи бузургтарин қариб 100 метрро ташкил медиҳад ва ҳудуди 2 ҳазор метри мукааб сангу лой ба роҳ рехтааст”, - қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, роҳсозони маҳаллӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баҳри ҳарчи зудтар тоза кардани роҳ ва барқарор кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин қитъа ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз аҳолӣ эҳтиёткориву ҳушёриро дархост мекунад, зеро ҳодисаҳои навбатии резиши барфу сангпораҳо дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.