Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони ғарбӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Ин мардон захмҳои гуногун бардошта, дар бемористон қарор доранд.

Тавре портали “Мой город” хабар медиҳад, таркиш шоми 30-юми январ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух додааст.

“Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, яъне бо дастгоҳи газӣ гарм кардани баллони газ он таркида, девор чаппа шудааст. Дар майдони 89 метри мураббаъ девор ва рӯйпӯши сақфи бино оташ гирифтааст. Сӯхтор аз ҷониби кормнадони Хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд”, - гуфтааст сардори Раёсати коҳиши хавфи офатҳо ва назорат дар соҳаи мудофиаи гражданӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мардон аз таҷҳизоти газӣ гарм шуда, бо он баллони дуюмро гарм карданӣ шудаанд, ки дар натиҷа он таркидааст.

1/3

Тибқи маълумоти пешакӣ, осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ин бино ба корҳои таъмир машғул будаанд.

Дар Раёсати тандурустии вилоят хабар додаанд, ки осебдидагон захмҳои сӯхта гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.