Бориши шадиди борон ва резиши барф, ки пештар дар ин бора КҲФ ҳушдор дода буд, боиси лағзиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб шуд. 

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, субҳи барвақти рӯзи 13-уми апрел дар километри 60-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб барфи шадид борида, ба дунболи он тарма аз баландӣ сарозер шуд, ки боиси баста шудани роҳ ва ҷараёни рӯдхона гардид.  

Гуфта мешавад, барои бартараф кардани оқибатҳои ин тармарезӣ кормандони ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”, наҷотбахшони Кумита ва техникаи зарурӣ сафарбар шуданд.

“Бо талоши якҷоя роҳ аз тӯдаву ғарами барф тоза карда шуд ва мошинҳо дубора дар ин самт ба ҳаракат даромаданд, - қайд мешавад дар хабари Кумита. - Барои таъмини бехатарӣ наҷотбахшони КҲФ дар километри 62-юми роҳи Душанбе – Айнӣ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд”.

КҲФ таъкид кардааст, ки то охири ҳафта хатари боронҳо боқӣ монда, лағзиши тарма, резиши санг ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест.

“Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд”, - дархост кардааст Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.