Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар боз як ҳодисаи нохушу фоҷеабор - худкушӣ бо фарзанд ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, нимаи дуюми рӯзи 27-уми сентябр як зани 31-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кардааст.

“Баъди дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагони кӯҳии бахши Кумита дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди ним соати роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ, ин ду ҷасадро тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо исрор аз аҳолӣ хоҳиш мекунад нисбат ба пайвандону хешон бамуҳаббат бошанд. Ҳаёти худ ва атрофиён ва наздиконатонро азиз доред!

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагони Кумита дар бартараф намудани оқибатҳои садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Айнӣ ва Панҷакент - Айнӣ низ иштирок карданд.

Дар километри 82-юми роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент автомашинаи тамғаи «Nissan Cefiro» ба ҷарии 10 метра сарозер рафта, як мусофирзани 23-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

“Наҷотбахшон ба воситаи асбобу лавозимоти махсус дар ва болои автомашинаро бурида, мусофирони зиндамондаро берун оварданд ва ба беморхонаи Панҷакент фиристоданд”, - қайд мешавад дар хабари Кумита.

Ҳодисаи дуюм дар километри 151-уми роҳи Душанбе - Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух дод. Автомашинаи сабукрави «Хундай Туксон», ки дар дохилаш 3 нафар ҳузур доштанд, бо суръати баланд ба автомашинаи боркаши “КамАЗ” бархӯрдааст, ки дар натиҷа се каси дар автомашинаи сабукрав қарордошта ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боисрор аз ронандагон дархост мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.