Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ оқибатҳои ҳодисаи садамаи нақлиётро дар роҳи Душанбе-Варзоб бартараф намуданд.

Субҳи 25 март дар километри 71-уми роҳ автомашинаи боркаши «Mercedes Sprinter» ба автомашинаи сабукрави тамғаи «Opel Zafira» бархӯрдааст.

Замони рух додани ҳодиса дар дохили автомашинаи «Opel Zafira» ронанда ва 5 нафар донишҷӯёни ба Душанбе сафардошта ҳузур доштаанд.

Гурӯҳи наҷотбахшони КҲФ, ки даар километри 72-юми ин роҳ шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Онҳо ронанда ва мусофирони автомашинаи «Opel Zafira»-ро, ки ҷароҳатҳои сабук гирифта буданд, аз мошини паҷақшуда берун гирифтанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекуанд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти КҲФ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.