Дар Старий Оскол бо истифода аз силоҳи оташфишон муноқиша рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Белгород, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Кумитаи тафтишот аз рӯйи далели тирпарронӣ дар Старий Оскол шаби 7 сентябр парвандаи ҷиоятӣ боз кард.

Тибқи фарзияи тафтишот, дар таваққуфгоҳ байни сокини 36-солаи маҳаллӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва роҳгузарони тасодуфӣ муноқиша рух додааст.

Пас аз ин гумонбаршуда аз автомашинаи дар таваққуфгоҳ гузошташуда силоҳи шикорӣ гирифта, аз он ду бор тир холӣ кардааст.

Дар натиҷа марди 23-сола захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва боз як ҷавони 20-сола бо захм аз силоҳ дар бемористон бистарӣ шудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти марди дар ҷиноят дастдоштаро муайян кардаанд. Ӯ сокини Старий Оскол, соли таваллудаш 1985 будааст.

Дар фурсати кӯтоҳтарин ӯ аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст.

Ба иттилои Интерфакс бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷабрдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.