Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт 4 нафар ҳалок шуда, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти аввал соати 09:20-и дирӯз дар роҳи мошингарди Ваҳдат - Файзобод дар наздикии шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи Hyundai - сокини 30-солаи шаҳри Ваҳдат суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, дар натиҷа идоракунии автомашинаро аз даст медиҳад: воситаи нақлиёт ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, бо автомашинаи ҳамдиёри 31-солааш Opel-Vektra бармехӯрад.

“Бар асари бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи Opel дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабари КҲФ.

Боз 7 нафар мусофири дигари ҳар ду автомашина, аз ҷумла ронандаи Hyundai бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

Садамаи нақлиёти дуюм дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дода, дар километри 22 -юми роҳи Душанбе-Хуҷанд автомашинаи Opel-Astra таҳти идораи сокини 32-солаи пойтахт ҳангоми ҳаракат ба самти Хуҷанд ба автомашинаи боркаши Dulan бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи Opel-Astra ва мусофири он - бародари 34-солааш аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.