Дар шаҳри Панҷакент, шимоли Тоҷикистон ҷустуҷӯи ҷасади ҷавоне, ки ҳангоми ҳезумчинӣ ба дарёи Зарафшон афтода буд, идома дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 1 ноябр як сокини 17-солаи ин шаҳр бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ лағжида, ба дарё сарозер шудааст.

«Наҷотдиҳандагони Кумита дар минтақаи Зарафшон ба корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд, вале бинобар фаро расидани торикӣ корҳои ҷустуҷӯӣ мутаваққиф шуданд», - гуфт манбаъ.

Зикр шуд, ки Корҳои ҷустуҷӯ субҳи имрӯз дубора оғоз шуданд.

КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат карда, аз шаҳрвандони муқими доманакӯҳҳо ва кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро ба ин корҳо ҷалб накунанд ва то ҳадди имкон аз анҷом додани ин корҳо то охири ҳафта худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.