Дар ҷараёни маъракаи охири соли гузашта эълоншуда барои кормандони милитсия дар мубориза бо вазни зиёдатӣ ба каме бештар аз 10 нафар харобшавӣ муяссар нагардида, онҳо аз сафҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод карда шудаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, се маротиба дар як ҳафта ҳамаи кормандон масофаи 5 километрро давида, ҳамчунин дигар машғулиятҳои ҷисмонӣ мегузаронанд. Аввали сол роҳбари вазорат дастур дода буд, ки вазни корманди милитсия бояд ба ҷадвали байнулмилалии таносуби синнусол ва қаду баст мутобиқат кунад»

 «Каме бештар аз 10 нафар аз оғози сол хароб шуда натавонистанд, - хабар дод як манбаъ ба «Азия-Плюс» аз ВКД. - Дигар кормандон аз 5 то 20 кило вазни худро кам карда, машғулиятҳои варзиширо идома медиҳанд, то ки боз харобтар шаванд».

Дар Вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки маҳз аз ҷадвале истифода мекунанд, ки хабаргузории «Азия-Плюс» таҳия намуда буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли гузашта ба кормандони милитсия дастур дода шуд, ки дар сурати ба 168-170 см баробар будани қади корманди милитсия, вазни ӯ набояд аз 75 кило зиёдтар бошад. Он замон онҳоро огоҳ карда буданд, ки кормандон бо вазни зиёдатиро озод кардан аз кор интизор аст.

Зимни нишасти хабарии моҳи январи соли равон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати ба таносуб овардани вазну қади кормандони милится дастур дода ва иҷрои ин дастурро комиссияи махсус назорат мекунад.

Баъди ин изҳороти вазир, хабаргузории «Азия-Плюс» ҷадвали таносуби синнусол ва қаду баст барои корманлдони милитсияро омода кард.