Кормандони милитсияи пойтахт ду ҷавонеро боздошт карданд, ки аз кӯчаҳои шаҳр қолинҳои сокинонро медуздиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадӣ Одинаев, ки қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа сокини 18-солаи шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саидовро ҳамроҳ мегирад.

“Боздоштшудагон шабона дар кӯчаҳои Душанбе қолинҳои шуставу барои хушкшавӣ гузоштаи сокинони шаҳрро медуздидаанд. Дар маҷмӯъ онҳо дар 20 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зиёни расида аз ин амалҳо беш аз 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Онҳо дар пайи муроҷиатҳои сокинони пойтахт боздошт шуданд”, - қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, нисбат ба гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.