Имрӯз, 4-уми феврал ба ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева барои мулоқот бо рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик иҷозат доданд. Адвокатҳо бо зерҳимояи худ Далер Шарифов дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вохӯрда, вазъи саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Аммо додгоҳи шаҳри Душанбе дархости онҳоро оид ба озод кардани рӯзноманигор дар рафти тафтишоти пешакӣ рад кардааст.

“Имрӯз дар суди марҳилаи кассатсионии шаҳри Душанбе шикояти мо бо дархости озод кардани рӯзноманигор дар рафти тафтишот баррасӣ гардид. Зимнан қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҳабси Далер Шарифов бетағйир гузошта шуд”, - изҳор доштанд адвокатҳо ба “Азия-Плюс”.

Ҳимоятгарон афзуданд: “Далер дар мавриди сиҳатии худ ва ҷараёни тафтишот ягон арзу шикоят накард”.

Ҳамсари рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик – Саида Қурбонова имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст: “Шукри Худои мехрубон, саломатии Далер хуб аст. Ҳамин ҳоло вакилони дифоаш аз мулоқот бо ӯ баромада, мегӯянд: “Далер хуб асту аз чизе шикоят надорад”. Танҳо гуфтааст: “фарзандонамро пазмон шудаам”.

Қаблан дӯстони Далер Шарифов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки рӯзноманигори боздоштшуда аз бемории қалб ва фишори хун азият мекашад. Завҷаи ӯ низ дар бораи вазъи саломатии Далер чунин навишт: “Воқеан, ӯ аз бемории дил ва фишорбаландӣ азият мекашид. Ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт. Албатта, бо ин қадар фишору айбдоркунӣ дигар чиро ҳам интизор шуд. Ба ҳар ҳол Худо кунад, ки хабари беасос бошаду сиҳату саломат ба наздамон баргардад”.

Изҳороти САҲА ва созмонҳову рӯзноманигорон

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст.

“Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”, - чунин паёмак дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter пайдо шуд.

Ҳамчунин дирӯз 8 созмон ва наздик ба 40 рӯзноманигори тоҷикистонӣ дар робита ба боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронии шадид карда, аз мақомоти кишвар чунин даъват ба амал оварданд:

– чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад;

– таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронда шавад.

“Умедворем, ки ҳангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад”, - изҳор доштаанд намояндагони созмонҳо ва рӯзноманигорони Тоҷикистон.

Далер Шарифов 28 январи соли 2020 барои бозпурсӣ ба шуъбаи амнияти Кумитаи давлатии аминияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур даъват ва дар ҳамон рӯз боздошт шуд.

Шоми 28 январи соли 2020 ба хонаи онҳо, ки дар деҳаи Ниёгони ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, кормандони шуъбаи ноҳияи Шоҳмансури РКДАМ ҶТ дар шаҳри Душанбе омада, ба падараш дар бораи боздошти писараш хабар дода, вале дар бораи далели боздошт ва ба чӣ гумонбар шудани фарзандаш чизе нагуфтаанд.

29 январи соли 2020 ӯро ба бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар ҳамин рӯз вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов гувоҳнома ва номаи лозимро ба КДАМ Тоҷикистон пешниҳод намуд, то иҷозаи дидор бо зерҳимояашро дошта бошад, вале муваффақ нашуд.

30 январи соли 2020 рӯзноманигор Далер Шарифов ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварда шуд, ки дар он ҷо ӯ бо қисми 1 моддаи 189 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) айб эълон карда шуд.

Тахмин меравад, ки гумонбар донистан ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ ба фаъолияти журналистии вай иртибот дорад, ки дар ин бора дар сомонаи Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 феврали соли 2020 ҷой дода шудааст.

“Ин амалкардҳо дар арафаи ду рӯйдоди муҳим дар кишвар – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад”, - омадааст дар изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30 озодии сухан ва матбуотро кафолат медиҳад ва сензураи давлатӣ ва таъқибро барои танқид манъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.