Бо қарори додгоҳ Сиёвуш Хумаров барои содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Тибқи итилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 14-уми июл дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як ҷавонписари тахминан 20-25 сола ба сӯйи роҳгузарон инъикос шудааст. Ин навор мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, онҳо аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост карданд, ки нисбат ба ин ҷавони бадахлоқ чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, ҷавони бадахлоқи дар навор инъикосёфта ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.

Акс аз торнамои dushanbepolice.tj

Дар натиҷа муайян гардид, ки ин нафар Хумаров Сиёвуш Акбаралиевич, соли тавалудаш 27.02.2000, зодаи шаҳри Турсунзода, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон буда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳар гуна бозичаҳои кӯдаконаву пахтақанд машғул будааст.

Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда субҳи 14-уми июл, тахминан соати 5:40 дақиқа дар ҳолати мастӣ зимни қарордошт дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ баъд аз пешоб кардан ба сӯйи роҳгузарон ҳаракатҳои ғайриахлоқона кардааст. Ин кирдори ӯ тавассути камераҳои назоратии манзили истиқоматии шаҳрвандон ба навор гирифта шудааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Сиёвуш Хумаров барои содир кардани кирдорҳои ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин ва ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.
Акс аз торнамои dushanbepolice.tj
Айни ҳол ҷиҳати муайянсозии ҳолатҳои дигари даст доштани боздоштшуда Сиёвуш Хумаров дар кирдорҳои бадахлоқона ва ҷиноятҳои ахлоқӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.