Ронандаи автомашинаи тамғаи«Хундай Элантра», сокини 23-солаи шаҳри Душанбе Рустамҷон Давлатов ва дӯсти ӯ Ҳикматулло Содиқови 22-сола ду ҷавонзанро барои нишастан ба автомашинаи худ даъват намуда, бо шунидани ҷавоби рад, нисбати онҳо бадрафторӣ ва бо суханони қабеҳ шаъну шарафашонро паст задаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла ҳолати хашму ғазаб ва суханони фаҳшои шаҳрванд Ҳикматулло Содиқов, ки мусофири автомашинаи мазкур мебошад, дар навори ба мақомоти милитсия датрасшуда низ баръало мушоҳида мегардад.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Содиқов ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва Давлатов ба пардохти 406 сомонӣ ҷарима маҳкум карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.