Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар фаъолияти нозир-хазиначии шӯъбаи молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Сомон Нуъмонзода яқ қатор амалҳои ғайриқонуниро ошкор намуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш маълум шудааст, ки Нуъмонзода ба як қатор ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ азхудкунии маблағ, қочоқ ва сохтакории хизматӣ даст задааст.

“Аз ҷумла, ӯ ба соҳибкори пойтахт А.Ҳайдаров ва декларант Ш.Сафаров ба воситаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта ҷиҳати ба Тоҷикистон ворид намудани миқдори зиёди молу маҳсулот аз Чин “кумак кардааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ.

Гуфта мешавад, бо ин амалҳои ғайриқонунӣ ӯ дар ҳаҷми зиёда аз 12,3 млн сомонӣ ба давлат зарар расонидааст.

Бо қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ 10 сентябр Сомон Нуъмонзода ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Зикр мегардад, ки аз ҳисоби судшаванда Сомон Нуъмонзода маблағи зарари расонидашуда ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.