Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки зиёда аз 125 ҳазор доллар пули нақдро бидуни анҷоми расмиёти эъломия (декларатсия) аз Русия ба Тоҷикистон бурданӣ буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти хадамоти гумруки Домодедово.

“Ҳангоми тафтиши мусофирон кормандони гумрук дар бағочи дасти шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз долони сабз гузаштанӣ буд, 125 ҳазор доллари ИМА ва 12,6 ҳазор рубл - ҳамагӣ баробар ба наздики 9,6 млн рублро ошкор намуданд”, - иттилоъ дода мешавад дар сомона.

Гуфта мешавад, дар ин амали мусофир аломатҳои ҷиноят мутобиқи б. «а» қ. 2 модд. 200.1 КҶ Русия ба назар мерасад.

Сурат: domodedovo.customs.gov.ru

Дар маълумот қайд мешавад, ки мувофиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ҳангоми интиқоли маблағи нақди зиёда аз 10 ҳазор доллар анҷоми расмиёти эъломияи гумрукӣ ҳатмӣ мебошад.

Зимни анҷоми расмиёти маблағи беш аз 100 ҳазор доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои дарёфти ин маблағ зарур аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.