Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ як ҳолати интиқол ва фурӯши маводи нашъоварро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 24-солаи ҷамоати Поршнев Фаромӯз Аҳмадбеков боздошт шудааст.

“Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Афғонистон барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор  ба миқдори махсусан калон даст задааст, - омадааст дар хабари Агентӣ. - Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков таалуқ дошт  50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид”.

Гуфта мешавад, муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати Фаромуз Аҳмадбеков бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” (Гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар) ва 289 қисми 3 (Қочоқ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.