Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандоне, ки нимашабӣ ба кори сохтмон машғул шуда, оромии сокинони ноҳияи Шоҳмансурро халалдор мекарданд, чораҷӯӣ намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, аз қонуншиканӣ кормандони милитсия аз навиштаи яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook огаҳӣ ёфтанд. Аз навори видеоии аз ҷониби корбар нашршуда ошкор шудааст, ки ронандагони мошинҳои боркаш шабона ва бидуни рақамҳои давлатии бақайдгирӣ машғули коранд.

“Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шаҳрвандон қарор гирифта, дар зимн аз мақомоти дахлдор дархост намуданд, то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад”, - омадааст дар хабари Раёсат. - Аз ин рӯ, бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур гуруҳи кории муштарак таъсис дода шуда, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ба сохтмони манзили 9-ошёна дар ин ноҳия ҶДММ “Розия Сангрез” машғул буда, роҳбари он Маҳмадисо Шарипов мебошад. Тибқи иҷозатнома реҷаи корӣ то соати 22:00 шаб муқарар гардидааст”.

Гуфта мешавад, аммо масъулони ширкати сохтмонии мазкур бинобар сабаби тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани он реҷаи кориро дағалона вайрон намуда, дар бевақтии шаб оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.

“Вобаста ба ин ҷиҳати риояи ҳатмии реҷаи корӣ масъулони ширкати мазкур ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки ронандагони автомашинаҳои боркаш дар раванди анҷом додани корҳои сохтмонӣ бе рақамҳои қайди давлатӣ фаъолият намуда, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд. Вобаста ба ин нисбати ронандагон тибқи талаботи моддаҳои 312 (Идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ) ва 462 (Халалдор кардани оромӣ) КҲМ ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд”, - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли роҳбарон ва масъулони ширкатҳои сохтмонӣ талаб менамояд, ки ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ талаботҳои муқарраргардида, махсусан реҷаи кориро ба таври қатъӣ риоя намуда, бо амалу рафтори худ боиси халалдор сохтонаи оромии шаҳрвандон нагарданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ, ба корҳои сохтмон шабона танҳо бо иҷозаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ машғул шудан мумкин аст.

Анҷоми корҳои сохтмон бо овози баланду гӯшхароши таҷизоту техника беш аз 6 соат бетанаффус манъ аст. Ҳар як шаш соат мебояд танаффус кард. Ғайр аз ин, дар вақти хуроки нисфирӯзӣ бояд «соати ором» бошад.

Дар бораи иҷозаи то кадом вақт анҷом додани корҳои таъмир дар ин маводи мо маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.