Кадзова Эмма Владимировна, як сокини шаҳри Душанбе бо гумони куштори Кулиева Саодат Эргашевна, модаре, ки чанд сол ин ҷониб даъво дошт, писарашро куштаанд, боздошт шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, 2-юми октябр Кадзова Эмма Владимировна, санаи таваллудаш 03.02.1957, истиқоматкунандаи кӯчаи Яккачинори ноҳияи Сино бо гумони содир намудани ҷинояти махсусан вазнин боздошт карда шуд.

“28-уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми дар манзили истиқоматии ҷабрдида қарор доштан, аз сабаби нофаҳмиҳои молиявӣ байни гуморбаршаванда - Кадзова Эмма ва марҳум - Қулиева Саодат муноқиша ба амал омадааст. Дар натиҷа, гумонбаршаванда Кадзова Эмма дар ҳолати қаҳру ғазаб бо корди ошхонагӣ 19-маротиба ба узвҳои бадани марҳум - Қулиева Саодат зарба зада, бо бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонида, 39-ҳазор доллари амрикоии ҷабрдидаро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - менависад ин ниҳод.

Ҳамчунин, зимни боздошт “аз гумонбаршаванда ҳамчун далели шайъӣ 39-ҳазор доллари амрикоӣ ва аз ҷои ҳодиса олоти ҷиноят, як адад телефони мобилӣ ва корди ошхонагӣ ёфта гирифта шуд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Кадзова Эмма Владимировна тибқи талаботи моддаи 104 қисми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, менависад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

 “Asia-Plus” се рӯз пеш, 4-уми октябр, дар хусуси куштори Саодат Кулиева хабар дода буд, аммо он замон тафсилоти ҳодиса дастрас нашуд.

Саодат Кулиева

Ёдовар мешавем, ки номи Саодат Кулиева замоне расонаӣ гардид, ки писараш Хуршед Бобокалонов аз сӯи пулис дар Душанбе боздошт ва дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷон бохт.

Ин ҳодиса дар соли 2009 ба вуқӯъ пайваста, бо гузашти бештар аз 13 сол омилони марги Хуршед Бобокалонов ошкор ва касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Саодат Кулиева пас аз марги писараш ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе шикоят бурд ва бар асари марги писараш парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Баъдан борҳо ин парванда пӯшида ва дигарбора боз мегардид. Модари ӯ даъво дошт, ки ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон осори захмҳои ҷисмониро пайдо кардаанд.

Хуршед Бобокалонов

Мақомот гуфтанд, Хуршед Бобокалонов дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт ва пайвандонаш дар ин баробар далели мақомотро рад намуданд.

Ҳамин тавр, вай пас аз ноком мондани муроҷиатҳои пай дар паяш дар соли 2015 ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ нома навишт ва аз ҷумла гуфт, “либосаш дар хун олуда буд, дар баданаш захмҳои зиёде ба назар мерасид, биниаш кӯфта шуда, аз захми пушти сар ва манаҳаш хун мерехт”.

Дархости ӯ аз ҷониби СММ қонеъ гардид ва дар ин бора Комиссия оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ Саодат Кулиеваро огоҳ намуд. Аммо Суди ноҳияи И.Сомонӣ 8-уми июни имсол даъвои Саодат Қулиеваро нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.