Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 7562 ҳолати қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ба қайд гирифта шудааст, ки 232 ҳолат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7330) мебошад.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола дар ин робита зикр шуд, ки то имрӯз дар самти бартараф сохтани қонуншиканиҳои ошкоршуда 6918 таъинот содир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 6792 парвандаи маъмурӣ оғоз шудааст.

Дар чаҳорчӯби ин парвандаҳо ба маблағи умумии зиёда аз 4 млн сомонӣ ҷарима таъин гардида, зиёда аз 3 млн сомониаш аллакай рӯёнида шудааст.

Ба мақомоти додситонӣ ҷиҳати баҳодиҳии ҳуқуқӣ 628 мавод ирсол гардида, боз 405 парванда ба судиҷрочиён фиристода шудааст. То ин дам зиёда аз 6 ҳазор қонуншиканӣ бартараф шудааст.

"Таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии қонуншиканиҳо, тақвияти ҳамкориҳои мутақобила байни сохтору идораҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи масъулияти ҳуқуқӣ барои ғайримақсаднок истифода шудани замин равона гардидааст", -навиштааст Кумита.

Зикр мегардад, ки қисмати зиёди қонуншиканиҳо бо иштироки фаъоли хадамоти истифодаи замин, ки дар маҳалҳо кор мекунанд, ошкор шудааст.

Кумитаи давлатии идораи замин ҳамчунин ният дорад, ки баҳри вокуниши саривақтӣ ба далелҳои суиистифода дар соҳаи муносибатҳои марбут ба замин бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”-ро ба имзо расонид. Мувофиқи ин тағйирот, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар сурати дидаву дониста қабул кардани қарор дар бораи пешниҳод, мусодира ё ба ихтиёрдорӣ супурдани қитъаҳои замин, метавонанд аз мансаб сабукдӯш шаванд. Барои намояндагони ҳукумат, ки дар раванди идораи замин иштирок мекунанд, ин як огоҳии ҷиддӣ гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.