“Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон дар бораи рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва илмӣ тавофуқ ҳосил шуд”, - изҳор дошт вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар маросими рӯнамои китоби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” дар Теҳрон. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ояндаи наздик сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон сурат мепазирад.

Ризо Ардакониён
Сурат: ИРНА

Ба иттилои хабаргузории ИРНА, дар ҷаласа доир ба ҳамкории илмӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва омода кардани мутахассисон ба мувофиқа расиданд.

“Умедворем, дар ояндаи наздик низ бо сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон заминаи густариши ин равобит ва ҳамчунин шурӯъи фаъолиятҳои ҷадид дар ҷиҳати тавсеаи беш аз пеши масоили иқтисодӣ фароҳам шавад”, - изҳор дошт Ризо Ардакониён, раиси эронии Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон.

Вай бо ишора ба ин ки ҳафтаи ҷорӣ нишасти ин Комиссия дар шаҳри Теҳрон баргузор шудааст, гуфт: “Дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштарак тавофуқоти арзишманде ҷиҳати тавсеаи равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба даст омадааст”.

Ардакониён афзуд: “Бо вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ба унвони раиси тоҷики Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар тавофуқ кардаем, аз зарфиятҳои илмии мавҷуд истифодаи беҳина шавад ва давраҳои омӯзишии муштарак ба ҳамроҳи табодули нируҳои тахассусӣ ва илмӣ дар дастури кор қарор бигирад”.

Дар маросими рӯнамои китоби Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон
Сура: ИРНА

Ёдовар мешавем, ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 2-3 декабр баргузор шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.