Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Ҷопон Ёсихидэ Суга ба муносибати интихоб гардиданаш ба ҳайси сарвазири ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар арқия изҳори итминон шуд, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбӣ ба сарвазири тозаинтихоб дар амалӣ намудани ин вазифаи сермасъул мусоидат хоҳанд кард.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо яке аз кишварҳои мутараққии Осиё – Ҷопон ҳавасманд мемонад ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо ин кишвар қаноатмандӣ буда, ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорад.

“Бовар дорам, ки мо дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ, бо саъю эҳтимоми муштарак, равобити гуногунҷанбаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид, - омадааст дар барқия. - Ба ин манзур мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ҷопонро идомаи судманд бахшем”.

Дар фарҷом ба Ёсихидэ Суга саломатии комилу дар амри татбиқи нақшаю барномаҳо ҷиҳати пешрафти кишвараш комёбиҳои рузафзун ва ба мардуми дӯсти Ҷопон сулҳу субот ва саодату шукуфоӣ таманно карда шуд.

Дар Ҷопон бори нахуст тайи қариб 8 сол роҳбари ҳукумат иваз шуд. Палатаи поёнии парлумон рӯзи 16 сентябр Ёсихидэ Сугаи 71-соларо сарвазири кишвар интихоб кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.