Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 март дар Қасри миллат вазирони корҳои хориҷии Туркия Мевлют Човушоғлур, Озарбойҷон - Ҷайҳун Байрамов ва Эрон - Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот бо Мевлют Човушоғлу маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Мевлют Човушоғлу

Дар ин зимн, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гардид.

Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.

Зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов маҷмуи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуда, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон, самти муҳими ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷайҳун Байрамов

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва истифодаи босамари роҳҳои оҳан барои интиқоли молу маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби тоҷик, ҷудо кардани бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон, изҳори қаноатмандӣ карда шуда, пешниҳод гардид, ки рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон, баргузор гардад.

Дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Сохтмони нақби “Истиқлол” яке аз намунаҳои мусбати ҳамкориҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи Қарордод “Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол” корҳо дар самти такмили сохтмони ин нақб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон ба анҷом хоҳанд расид.

Дар робита ба равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геостратегӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва вазъи Афғонистон, роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурда шуд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар Душанбе Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул”оғоз гардида, имрӯз ба кори худ идома медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.