Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 13 октябр дидору гуфтушунид мекунанд. Зимни суҳбати онҳо масоили амнияти минтақавӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад, хабар додааст ёвари президенти Русия Юрий Ушаков. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Вохӯрӣ дар Бишкек доир гардида, дар ин ҷо онҳо ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат меварзанд.

“Рӯзи 13 октябр бо вохӯрии дуҷониба оғоз меёбад. Ин мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд. Барои баррасӣ масъалаҳои зиёд ҳастанд. Масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун ва албатта, масоили амнияти минтақавии дар навбати аввал марбут ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, инчунин масъалаи фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки яке аз омилҳои калидии таъмини субот дар минтақа мебошад”, - гуфтааст Ушаков ба рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи Ушаков вохӯрии Раҳмон ва Путин бевосита пеш аз оғози ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Қаблан ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки сарони кишварҳои Иттиҳод масоили гуногун, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуда, қарорҳои муҳими марбут ба тавсеъаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг қабул хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти”Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ” аз Бишкек боздид карда буд.

Барои президенти Русия Владимир Путин, ки аллакай дар Қирғизистон қарор дорад, имсол ин аввалин сафар ба хориҷи кишвар аст.

Имрӯз, 12 октябр президенти Русия бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар қароргоҳи “Ала-Арча” расман дидору гуфтушунид мекунад. Пас аз гуфтушунидҳо маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардида, ҳамчунин сарони давлатҳо бо рӯзноманигорон вомехӯранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.