Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қарори собиқ раиси пойтахт аз 6 сентябри соли 2006 тағйирот ворид намуда, мувофиқи он номи телевизиони «Пойтахт» ба телевизиони «Душанбе» иваз шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори дигари раиси шаҳр меҳмонхонаи «Пойтахт» низ ба меҳмонхонаи «Душанбе» табдили ном кард.

Шабакаи телевизиони «Пойтахт» ҳамчун телевизиони ҷамъиятӣ аз соли 1996 фаъолият дошта, соли 2006 бо фармони раиси шаҳри Душанбе шабакаи давлатӣ шуд.

Соли 1969 меъмор Вил Шелухин барои таҳияи лоиҳаи меҳмонхонаи он замон бузургтарин ва муосир «Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон бо «Медали тиллоӣ»-и Кумитаи асосии Намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуда буд.